Рӯзи 26 – уми марти соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои олимон таҳти роҳбарии профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид, ки дар он аъзои шуро, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаву идораҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети педагогика ва варзиш, ҳолати ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳолати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар магистратураи донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзои шуро қарор гирифт.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз рӯи масъалаи якум гузориши раиси комиссия –мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Садриддини Айниддин, аз рӯйи масъалаи дуюм ахбори муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Икром Фатҳуллоев ва аз рӯйи масъалаи сеюм гузориши Одилҷон Ибрагимов мудири кафедраи системаи автоматикунонидашуда ва шабакаҳои алоқа шунида шуд.
Дар музокираи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шуро – профессорон, А. Гадозода, Ҷ. Сафаров, А. Сатторов, Қ. Абдураҳимов, Т. Тағоева ва С. Холназаров иштирок ва андешаҳои хешро иброз доштанд. Барои ислоҳ ва бартараф намудани норасоиҳои ошкоршуда раиси Шуро ба масъулини факултетҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамин тавр, дар кори Шуро муҳимтарин масъалаҳои марбут ба илму инноватсия, таълиму тарбия муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.



