Имрӯз дар маҷлиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-079- и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Таваров Дилшодҷон Саидмуродович, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи “РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР (ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН), зери роҳбарии Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ, доктои илмҳои сиёсӣ, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя намуд.
Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо
ва технологияи сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) пешбинӣ гардидааст.