Имрӯз дар маҷлиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-079- и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидзода Дилшод Саид, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Самтҳои асосӣ ва тамоюлҳои таҳияи сиёсати давлатӣ дар шароити Тоҷикистони муосир” зери роҳбарии Шарифзода Лоҳутӣ Шариф, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фалсафаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя намуд.
Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо
ва технологияи сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) пешбинӣ гардидааст.