Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа ба сатҳи нав бардошта шуд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки зан нерӯи бузурги созанда буда, бе иштироки фаъолонаи ӯ рушди ҷомеа имконнопазир аст.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ин дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолият ва рушди занону духтарон мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан қабул гардида, квотаҳои президентӣ барои духтарони деҳот таъсис ёфтанд, ки ин имконият медиҳад ҳазорон духтарони тоҷик таҳсилоти олӣ гиранд ва ояндаи худро бо дониш равшан созанд.
Ғайр аз ин, тавассути барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар барои рушди соҳибкорӣ миёни бонувон шароити мусоид муҳайё гардидааст. Имрӯз садҳо занону бонувон ҳамчун соҳибкорони муваффақ фаъолият доранд ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар баробари ин, занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сиёсати давлатӣ низ фаъолона ширкат варзида, мақоми арзандаро соҳиб шудаанд. Имрӯз занони тоҷик дар вазифаҳои роҳбарӣ, парлумон, мақомоти иҷроияи ҳокимият ва дигар сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, ифтихори ҷомеа мебошанд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд:
“Занон нерӯи бузурги созандаанд. Пешрафти давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи маърифат, фарҳанг ва фаъолияти созандаи модарону бонувон вобаста мебошад.”
Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати занону бонувон шаҳодати равшани он аст, ки сиёсати давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва таҳкими мақоми зан равона гардидааст. Маҳз бо чунин ғамхориҳои падарона имрӯз занони тоҷик худро ҳамчун қувваи пешбаранда, нерӯи эҷодкор ва ояндасози ҷомеа муаррифӣ намуда, дар баробари мардон барои шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Зувайдуллозода Ганҷина,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит
