
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро аз тариқи оинаи нилгун ба таври дастаҷамъона дар донишгоҳ тамошо кардем, ба ин адеша яқин шудам. Ба хотири он ки қисмати бештари Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи иқтисодӣ бахшида шуда буд ва ӯ зимни баррасӣ ва матраҳи масоили гуногун муҷаддадан ба масоили иқтисодӣ бармегашт.
Воқеан, тамоми муваффақиятҳои мо дар кулли риштаҳои зиндагӣ мустақим ва ё ғайримустақим ба дастовардҳо ва пешравӣ дар соҳаи иқтисодӣ алоқаманд мебошад. Агар мо дар соҳаи иқтисодӣ муваффақ шавем, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар кулли арсаҳои дигар низ муваффақ хоҳем шуд. Вақте мо дирўз Паёмро мешунидем, дар оғози Паём чунин рақамҳо баён шуданд: «Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт».
Инчунин, Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш чунин қайд карданд: «Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд». Ин рақамҳо баёнгари он мебошанд, ки сарфи назар аз тамоми мушкилоте, ки солҳои охир мо бо он рӯ ба рӯ шуда истодаем, яъне хушксолӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, ки кишварҳои Аврупоӣ ва Америка нисбат ба яке аз шарикҳои асосии стратегии мо Федератсияи Россия ҷорӣ намудаанд, мо тавонистем рушди иқтисодии мамлакатро дар сатҳи 8, 4% таъмин намоем.
Аз ин рў, давлат ва њукумати Тољикистон ба рушди иќтисод ва бунёди корхонањои нави истењсолї таваљљуњи калон зоњир менамояд. Чунки ин мустаќиман ба сатњу сифтаи зиндагии мардум таъсиргузор мебошад. Дар сурати бунёди корњонањои истењсолї ањолї ба љойи кор ва маоши хуб ва мањсулоти ватанї таъмин мешавад ва ин иќдом ба чанд љанбаи дигар иќтисод таъсиргузор хоњад шуд.
Яъне пешравии иқтисодӣ ин таъмини ањолї ба љойи кор, маоши хуб, мањсулоти ватанї, кам шудани воридот, ғанї гаштани бозори дохилї, пайдо шудани анвои хидматрасонињои љадид, кам шудани муњољирати мењнатї ва аз ин тариќ њамбастагии хонаводањо солимии руњу равони миллат оварда мерасонад.
Ҳоло дар ҳамин ҷо боз як чанд факту рақамҳоро аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меорем, ки перомуни иқтисоди миллӣ мебошанд: «Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад».
«Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод».
Яъне Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чунин арқом зиёд дорад ва ин арқом ва суханони дар Паём омада перомуни иқтисоди миллӣ ва рушди он моро ба ин нукта боварманд мекунад, ки иқтисод воқеан сиёсатро муайян мекунад.
Қодир Муртазозода,
сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДБ
