
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)
16 декабри соли 2025, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, такид намуданд, ки яке аз масъалаҳои муҳим таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар баҳисоб меравад. Зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат зарурати истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани истеҳсоли дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридотро таъкид намуда, дар ин раванд ба рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва энергетика аҳамияти махсус зошир намуданд.
Сарвари давлат соли 2025 –ро ҳамчун соли таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Стратегияи миллии рушд то соли 2030 барномаҳои миёнамуҳлати рушди мамалакатро амалӣ намуда истода баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии худ кушиш ба харҷ дода истодааст.
Зеро аз Паёми имсола тамоми мардуми кишвар руҳбаланд гардиданд, ки кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин масъалаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи рушди иқтисоди миллӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Оқилона ва мақсаднок будани ин раванди ислоҳот боиси он гардидааст, ки “ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид”.
Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, ки натанҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.
Дар воқеъ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва некӯаҳволии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад.
Даромади пулии аҳолӣ низ яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта барои таъмин намудани сатҳи зиндагӣ нақши босазо дорад. Ҳар чи қадаре, ки даромади пулии аҳолӣ бештар бошад сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуда сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мамлакат рӯ ба самти инкишоф майл менамояд.
Таҳлилҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз он гувоҳи медиҳад, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хубро ба миён овардаанд: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”.
Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ як омили барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Барои ҳар як фард маълум аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт рушд намуда истодааст. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукуматро боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паём зикр гардид, “сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар аввали даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 80%-ро ташкил медод.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола хеле мушаххас буда, нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин ҷиҳат тавонист, ки муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад.
Тавре дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки чи гуна танҳо дар давоми соли 2025 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кории нав ба миён омаданд: “…ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.
Ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии осоиштаи ҷомеа буда сол аз сол сатҳи зиндагии аҳолиро боло бурда нишондиҳандаи сатҳи камбизоатиро поён мебарад.
Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян менамояд. Он ҳамчун барномаи мукаммали ояндасозӣ хизмат карда, роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолиро нишон медиҳад.
Дар Паём рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пешбурди илму маориф, дастгирии ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавқеи калидӣ дошт. Таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳо заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеа ва таъмини суботи кишварро фароҳам оварда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба меҳнати созанда, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан ҳидоят мекунад. Амалӣ намудани ҳадафҳои дар Паём зикршуда омили асосии пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда хоҳад буд.
Абдуллоев Исмоилшо,
директори Маркази таҳсилоти
фосилавии Донишгоҳи давлатии
Бохтар ба номи Носири Хусрав
