Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид.
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад.

