13 – уми ноябри 2024 дар факултети сиёсат ва идораи давлати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носри Хусрав дар бинои асосии донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Президент ҳомии сулҳу ваҳдат” доир гардид.
Дар мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Нориён Ф., мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Э., декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, дотсент Қодирзода Б., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Саидов А. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, Нориён Ф., суханрони намуда ёдовар гардиданд, ки пешвои миллат буд, ки имрӯз мо дар фазои амну субот зиндаги менамоем.
Пас аз суханронии Нориён Ф., саромӯзгорон Одиназода Н., Саидзода Д., Раҷабализода С., мудри шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Э., суханрони намуда доир ба моҳияти эълон гардидани Рӯзи Президент ва хизматҳои шоёни Президенти мамлакат ба миллати тоҷик ва халқи ҷаҳон ибрози андеша намуданд.
Дар охири мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён баромадҳои озод намуда аз корнамоиҳои пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд.