ВОХӮРИИ МУФИД

Дируз дар Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав вохӯрии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо муовинон, сардорони шуъбаҳо, деканони факултет, мудирони кафедра ва кормандони Маркази фосилавӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба натиҷаи таълиму тарбия, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва барномаҳои фаннӣ ибрози назар карданд.  

Муфассал

ТАРҒИБИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ПАЁМИ ИМСОЛА

Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миёни омӯзгорону донишҷӯён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ва тарғиби фарҳанги миллӣ вохӯрӣ доир гардид. Мулоқоти мазкур бо иштироки Муҳаммадӣ Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими…

Муфассал

ШАРҲУ ТАФСИРИ ПАЁМИ РОҲНАМОИ САРВАРИ ДАВЛАТ

  Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби вакилони вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, олимону муҳаққиқон, собиқадорони меҳнат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Чунин як…

Муфассал

РАВАНДИ ДАРСҲОИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА ДАР ДОНИШГОҲ

Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳисоб рафта, раванди низоми гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳ идора мекунад. Маркази таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст. Дарсҳои ҳузурии донишҷӯёни маркази фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 5-уми январи…

Муфассал

ТАВАҶҶУҲ!

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба «20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), инчунин, донишманди маъруфи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, дар рўзҳои 29-30 марти соли 2022 «Олимпиадаи байналмилалии донишҷўён оид ба физик»-ро дар байни донишҷўёни курсҳои 1 – 5…

Муфассал

“ТАКРОРИ ДАРСҲОИ ГУЗАШТА”

Таҳти ҳамин унвон ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Бохтар бо дастгирии молиявии профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Н. Хусрав, китоби 256-саҳифаии устоди равоншоди ҳамин муассиса – Муродиён Ҳасан Ғуломзодаро бо теъдоди 250 нусха ба табъ расонид. “Дунё ба монанди мактабхона аст ва мо тифли дабистонаш ҳастем. Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ дарс аст. Хуш ба…

Муфассал

МУРОҶИАТНОМА

Мо тоҷикони муқими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввалин рӯзҳои соли нави 2022 муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандони зодаи Бадахшонро ки дар Федератсияи Русия зиндагони менамоянд, тамошо карда, бисёр ғамгин шудем ва ин муроҷиатнома моро ба ёди рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии хонумонсуз бурд. Он рӯзҳо мо аксарият шоҳиди аввалин даргирию куштор, гаравгонгирӣ, авбошӣ, роҳзанӣ ва ҷангу ҷанҷолҳо будем.…

Муфассал