ДАР РОҲИ ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИИ НАВ
Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон се кишвари ҳамсоя ва дорои таъриху фарҳанги ба ҳам наздик мебошанд. Ин миллатҳо дар тӯли асрҳо дар фазои ягонаи фарҳангиву иҷтимоӣ зиндагӣ карда, арзишҳои мушобеҳ ва урфу одати ҳамсонро парвариш додаанд. Онҳо дар як ҳавзаи ҷуғрофии муштарак қарор дошта, на танҳо бо марзҳо, балки бо риштаҳои дӯстӣ ва хешутабории мардумонашон ба…