МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “МУАРРИХ-КИШВАРШИНОС” БАРГУЗОР ШУД

  Имрӯз 16 марти соли 2021 маҳфили илмии донишҷӯёни “Муаррих-кишваршинос”-и назди кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд. Сухани ифтитоҳиро декани факултети таърих ва ҳуқуқ Исозода Т.И. оғоз намуд. Зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Наврӯз ҷашни таърихии мо тоҷикон буда, аҷдодонамон аз замони бостон онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса…

Муфассал

ЗАБОНДОНӢ БА ВОЛОӢ РАСОНАД

Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забонҳои хориҷӣ воқеияти ҳаёти миллатҳои гуногун ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро омӯхта…

Муфассал

АЗ САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА ШАҲРИ ХУҶАНД

Ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд. Тавре маълум гардид, дар ин марказ 12 нафар кормандон фаъолият намуда, ба ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши осори Камоли Хуҷандӣ…

Муфассал

ДОНИШҶӮИ ДДБ АЗ ФАННИ БИОЛОГИЯ САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ   ГАРДИД

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими  супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо барои ғолибони Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»…

Муфассал

ОМӮЗГОРИ РУС БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ГУРӮҲИ РУСӢ ОНЛАЙН ДАРС МЕДИҲАД

Дар гурӯҳи русии 104-и ихтисоси химия ва биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз фанни “Ботаника” дар мавзӯи “Отдел диатомовые водоросли ибурные бурные водоросли” дарси онлайнии Шестова Татьяна Андреевна, омӯзгори институти биология – химияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Москва баргузор гардид. Омӯзгори рӯс дарси онлайниро бо презентатсия ва қоидаҳои маъмули…

Муфассал

МАҲФИЛИ “НАҚЛИЁТЧИЁН” ХОТИРМОН ГУЗАШТ

  Дар толори факултети техникӣ ва технологии ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили “Нақлиётчиён” баргузор гардид. Дар маҳфил Искандар Гулов, корманди  илм ва инноватсия,  Файзидин Муродов, декани факултети техникӣ ва технологӣ, ҷонишининҳои декан, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд. Сараввал маҳфилро декани факултети техникӣ ва технологӣ Файзидин Муродов ифтитоҳ бахшид. Сипас иштирокчии маҳфил дар мавзӯи “Технологияи раванди…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ҲИДОЯТ”

Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Ҳидоят” дар мавзӯи “Арзёбии донишу маҳорат ва малакаҳои хонандагон” баргузор гардид. Сараввал Шифо Носирова, роҳбари маҳфил чорабиниро ифтитоҳ бахшид. Дар он аъзоёни маҳфил бо баромадҳои пурмуҳтавон ва намоиши саҳнача баромад намуданд. Дар ҳар дарси маҳфил ба ғайр аз мавзӯи баррасишаванда аз рӯйи тақсимот ҳар як аъзои маҳфил доир ба мавзӯи баррасишаванда баромад намуданд.   Сайёҳат МАҲМАДАВЛАТОВА, котиби маҳфили “Ҳидоят”

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МАҚОМИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИКУ ФОРС» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 12-уми марти соли 2021 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба таъсисёбии Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” конференсияи илмӣ–амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс» баргузор гардид, ки дар он Фирӯзи Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, меҳмононро дар саҳни донишгоҳ пешвоз гирифта, аз Маркази илмӣ–таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”–и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шинос намуданд. Дар оғоз сухани табрикотии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ қироат шуд. Гуфта шуд, ки адиби маъруф, орифи тавоно Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз симоҳои бузурги илмӣ, ирфонӣ ва фалсафаи ҷаҳонӣ буда, дар олами Ғарб бештар бо номи Мавлавии Румӣ ёд карда…

Муфассал

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2021 озмун эълон менамояд:  1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори…

Муфассал

ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ “МУБОРИЗАИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАР ЗИДДИ ИСТИЛОГАРОНИ МУҒУЛ” БАРГУЗОР ГАРДИД    

Дар гурӯҳи таълимии 104-и навтаъсиси русӣ дарси кушод зери роҳбарии Рустам Казаков, дотсенти кафедари таърихи халқи тоҷик, аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” дар мавзӯи “Барьба таджикского народа против монголов» – (“Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони муғул”) баргузор гардид. Дар дарси кушод декани факултет, омӯзгорони кафедра ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Бояд қайд намуд,…

Муфассал