ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Дар шаҳри Левакант 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунад, ки гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав то имрӯз аз 14 муассиса дидан карданд. Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои боқимонда идома дорад. #Левакант #Донишгоҳ