ПРОФЕССОР МАҲАМАДӢ ҲАМРОЕВ 95 СОЛА ШУД

Намояндагони Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Маҳамадӣ Ҳамроев рафта, ӯро бо фарорасии ин 95-умин солгарди умр табрик намуданд. Ба профессор туҳфаҳои хотиравию пулии ректори донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ тақдим гардид. Маҳамадӣ Ҳамроев…

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Имрӯз 10-уми декабри соли 2020-ум дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” зери унвони “Ҳар як андеша, нуқтаи назар ва пешниҳоди созанда-мусоидкунанда ба рушди устувори кишвар барои мо муҳим аст” дар ҳамкории байни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Донишгоҳи…

Муфассал

НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ҲУҚУҚИ ИНСОН 

Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусра аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳти унвони “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккул ва инкишофи  ҳуқуқи инсон” мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи мудаввар Ҳ. Сафарбекзода, декани факултети сиёсат…

Муфассал

ДАРСҲОИ ШАКЛИ ТАҲСИЛИ ҒОИБОНА ВА ФОСИЛАВӢ ОҒОЗ ШУД

Имрӯз 10-уми декабри соли 2020-ум донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва шакли таҳсили фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарсҳояшон оғоз гардид. Бо салом ва эҳтиром, Комрони БАХТИЁР

Муфассал

НАҚШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ 

  Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъаи кишвар ва хориҷ аз он, бахусус ба наврасон ва ҷавонон мояи ифтихор ва намунаи ибрат буд, ҳаст ва мемонад. Замоне, ки ҷаноби Олӣ вориди арсаи сиёсат гардиданд, Ватани моТоҷикистони азиз дар оғӯши хун буд ва ҳатто дар…

Муфассал

ЧӢ ГУНА АЗ КОРОНАВИРУС МЕТАВОН ҲИМОЯ КАРД?

Барои ҳимояи худ ва атрофиён аз бемории сироятии COVID-19 риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ на танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хона, балки дар коргоҳ низ муҳим аст. Тибқи тавсияи мутахассисон, ҳангоми ворид шудан ба корхона аввалан дастони худро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза карда, пойафзоли худро ба латтаи хлордор безарар гардонидан лозим аст. Инчунин ҳарорати бадани корманд…

Муфассал

ЧАРО ЗАБОНИ РУСИРО БОЯД ОМӮХТ?

Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ батадриҷ вусъат ёфта, яке аз воситаҳои рушди босуботи ҳамкориҳо миёни кишварҳои дунё ба ҳисоб мераванд. Бо омӯхтани забонҳои дигар мардуми мо метавонанд аз навгониҳои илму фарҳанги мамлакатҳои ҷаҳон огаҳ бошанд.   Давоми солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шароити хуб созгор…

Муфассал

СЕССИЯИ ИМТИҲОНИИ НИМСОЛАИ ТИРАМОҲӢ

Мутобиқи маълумоти маркази тестӣ дар сессияи имтиҳонии нимсолаи тирамоҳӣ дар донишгоҳ 3256 адад имтиҳон ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 3047 адад дар зинаи бакалавр ва 209 адад дар зинаи магистр мебошад. Бояд гуфт, ки 3047 адад имтиҳони зинаи бакалавр тавассути барномаи имтиҳонҳои марказонидашудаи ҷорӣ сурат мегиранд. Аз ин рӯ, масъулини факултетҳоро зарур аст,…

Муфассал

ОМӮЗИШ БАҲРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Дар доираи лоиҳаи “Саводи расонаӣ барои ҳама“, ки Ассотсиатсияи тафаккури интиқодӣ ва Интернюс даври дуюми омӯзиш барои омӯзгорони мактабҳои олӣ ташкил намудааст, гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани ин омӯзиш шинос намудани устодон бо усулҳои нави таълим, рушди тафаккури интиқодии донишҷӯён, истифодаи иттилооти саҳеҳ, ҷудо карда тавонистани таҳрифи факт, фейк, таъсири иттилоотии сомонаҳои ичтимоӣ ба афкори…

Муфассал

ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТБАХШУ БОСАМАР

Дар воқеъ, таърих ойинаи тамомнамои зиндагинома, кору пайкори мардони бузургу фидоӣ ва сарсупурда аст, зеро афроди комилу мукаммал ва махсусан ашхоси донишманди мутабаҳҳиру ростин дар зиндагӣ монанди чароғ ё худ офтобе ҳастанд, ки тавассути худсӯзиву худафрӯзӣ бар зеҳну хотир ва дилу ҷони инсонҳои дигар нуру зиё бахшида, саранҷом роҳи ҳамасрону пасовандонро равшану мунаввар месозанд. Дидор,…

Муфассал