Дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақша чорабиниҳо шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо иштироки бонувону донишҷӯдухтари факултетҳои донишгоҳ чорабинӣ зери унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, Каримова Санавбар мутахассиси шӯъбаи тарбия ва Зувайдуллоев Ганҷина омӯзгори факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ ба сухан баромада доир ба иҷрои Дастурамали либосҳои…
МуфассалИмрӯз як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав ба хотири баланд бардоштани сифати таҳсилот, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити таълиму тадрис, боздид аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва идомаи таҳсили муввақатӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гардиданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин ҳайат аз 3-юми май оғоз гардида то 13-уми…
МуфассалВақте ки хостем бо хатмкунандагони ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанианд, суҳбат ороем, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Эмомалӣ Набизода Маҳмадёқубро тавсия дод. Пешниҳоди декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Б. Қодирзода низ Амиров Маҳмадёқуб буд. – Аз факултети мо дар даъвати имсола 55 нафар хатмкунандагон хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳро азм…
МуфассалИмрӯз, 3-юми майи соли 2023 суҳбат – вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо донишҷӯёни донишгоҳ, ки истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҳастанд баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, раисони ҷамоатҳо иштирок намуда оид ба имтиёзҳо ва дастгириҳои ноҳия нисбат ба донишҷӯён…
МуфассалИмрӯз 123 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, муовинони ректор, устодони донишгоҳ ва падару модарон…
МуфассалАз ҷониби ҳайати Шурои ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, раиси Шурои ректорон ва ректорон ба 30 нафар донишҷӯён, ки аз падару модар маҳрум буданд планшет тақдим намуданд.
МуфассалМаркази фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба таваҷҷуҳи донишҷӯ – хатмкунандагони факултетҳои сиёсат ва идораи давлатӣ, молиявию иқтисодӣ, менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, техникӣ ва технологӣ ва информатика расонида мешавад, ки аз 24-уми апрели соли 2023 то 10-уми майи соли равон дарсҳои ҳузурӣ оғоз мегардад. Все реакции: 2929
Муфассал