Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба масъалаҳои тоза нигоҳ доштани экология, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ки яке аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, пайваста мавриди назар қарор дода, корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Имрӯз 6-уми декабри соли равон ҳайати кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати амалӣ намудани талаботи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Зағертут», ки ин минтақа ҳамчун пойгоҳӣ таълимию таҷрибавӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои экология, биоэкология, биология ва «География. Ҳифзи табиат» мебошад дастҷамъона ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ин маъракаи муҳимми сарсабзгардонии муҳити зист ректори донишгоҳ, муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, фаъолона ширкат варзид.
Бояд қайд намуд, ки беш аз 300 навъи ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ дар мавзеи мазкур шинонида шуд. Қобили тазаккур аст, ки ҳамасола бо ташаббуси раёсати донишгоҳ барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ пайваста дар донишгоҳ ва гирду атрофи он гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида шуда, масъалаи мазкур таҳти назорати доимии роҳбарияти донишгоҳ мебошад.



