Имрӯз, 9-уми декабри соли 2024 Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз ҷараёни кории устодону кормандони зерсохторҳои донишгоҳ, бахусус фаъолияти китобхона, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, шуъбаи дуюм ва Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ дидан намуданд.
Ба ректори донишгоҳ масъулин аз имконияту шароити мусоид ва дастоварду натиҷаи меҳнатии худ ва аъзои кориашон иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки дарвоқеъ, барои фаъолияти босамари устодону кормандон ва таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тамоми имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки дар ҳама зерсохторҳои донишгоҳ пешравиҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта ба назар мерасанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М.Р. барои боз ҳам афзун намудани комёбиҳои меҳнатӣ ба масъулони зерсохторҳои донишгоҳ маслиҳату тавсияҳои судманд дода, комёбиҳо таманно намуданд. Дар назар аст, ки чунин натиҷагириҳо ва таҳлили фаъолияти меҳнатии устодону кормандон ва таҳсили донишҷӯён низ дар рӯзҳои баъдӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.



