Шахсоне, ки муаллим, мураббӣ, устод номида мешаванд, насли ҷавонро тарбия мекунанд, ки оянда ва эътимоди ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, ба касби омӯзгорӣ дар мамлакати мо диққати махсус дода мешавад. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон марҳилаи нав дар системаи маорифи мамлакати мо оғоз ёфт. Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ҳар кас омӯзгор шуда наметавонад. Барои азхуд кардани ин касб, шахс бояд қобилият, тахассуси муайяни иҷтимоӣ-психологӣ ва омодагии муайян дошта бошад. Дар асл, ҳавас ба касби омӯзгорӣ дар шахс аз синни ҷавонӣ бедор мешавад. Дар тӯли солҳо талабот, ҷанбаҳои мураккаб ва душвориҳои ин касб исбот карда шуданд. Дар рушди давраи ҷорӣ ҷанбаҳои мушаххас мавҷуданд. Далели он, ки мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҷараёни иттилоот бениҳоят афзоиш ёфтааст, хабарҳо дар соҳаи илм пайваста пайдо мешаванд, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва таълимӣ тағйирот ба амал меоянд.
Ояндаи ҳар як ҷомеа бо он муайян карда мешавад, ки қисми ҷудонопазир ва ҳаёти он бояд ба сатҳи олии системаи таҳсилоти пайваста бошад.
Аз рӯзи аввали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф ва низоъми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд ва дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд шакл ва мазмуни тоза касб намуд. Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоъмномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт.
Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоъми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҳоло аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.
Бинобар ин, омӯзгори имрӯза ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
– шогирдонро дӯст дорад, ба онҳо ҳамчун ба фарзанди худ муносибат кунад;
– ба насли наврас ҳамаҷониба ёрдами амалии худро расонад;
– ба назар гирифтани хусусиятҳои психологии ҳар як хонанда бо назардошти хусусиятҳои синну соли онҳо;
– фарқ карда тавонистани қобилияти ҷавонон аз ҷиҳати ақлӣ, руҳӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ;
-муносибати одилона ва объективии омӯзгор ба раванди таълим;
– дар ташаккули сифатҳои маънавӣ ва ахлоқӣ намунаи шахсӣ нишон диҳад;
– ба ҷавонон дар интихоби касб ёрии амалӣ расонад;
– дилсӯз, ташаббускор, устоди кори худ ва фидоӣ касби худ бошад ;
– ба хонандагон дар ташаккули сифатҳои касбӣ ва таваҷҷӯҳи онҳо ба афзоиши минбаъдаи касб маслиҳатҳои муфид дода тавонад;
– ба татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим омода бошад;
– ба хонандагони боистеъдод дар эҷоди технологияҳои ҷавобгӯи замон таваҷҷӯҳ зоҳир кунад;
– хонандагонро ба рушди ҳамаҷонибаи кишварамон дар ояндаи дуру наздик ҷалб намояд.
Ҳар як омӯзгор-тарбиягар, на танҳо бо талаботи дар боло зикршуда, кору фаъолияти худро маҳдуд намояд, дар ин ҷода дӯстдорию дилсӯзи ва серталабии ӯ ба касби худ муҳим мебошад.Бо кушодани роҳи васеъ ба донишҳои муосир, истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ дар такмили таҳсилот яке аз талаботҳои асосии имрӯза мебошад. Дар айни замон ба фаъолияти омӯзгор ва маҳорати педагогии ӯ, ки ба ташкили раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартҳои давлатии таълим равона шудааст, диққати махсус дода мешавад. Тавсияҳо оид ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар давоми дарс, ки дар тафаккури педагогии омӯзгорони дар раванди таълим коркардашуда ҷой гирифтаанд, барои муаллимон хеле заруранд.Усулҳои интерактивии дар таълим истифодашаванда фазои рақобати байни хонандагонроро ба вуҷуд меоранд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки бештар ҳавасманд шаванд ва дар натиҷа хонандагон ба ҳамкорӣ одат кунанд. Ҳар як усули интерактивӣ агар дуруст ва мақсаднок истифода шаванд,ба мустақилона фикр намудани хонандагон мусоидат менамояд.
Фаъолияти инноватсионӣ равандест, ки роҳҳои оқилонаи рушди системаи таълимиро таҳия мекунад, ки дар он муаллим шахси асосӣ мебошад. Зеро вазифаи он расонидани иттилоот ба хонандагон ба таври зуд, возеҳ ва фаҳмо мебошад.Гарчанде,ки хонандагон навовариро дарк мекунанд ва ба он майл доранд ба гуногунии хислати онҳо нигоҳ накарда , омӯзгор бояд хонандагонро ба мустақилона фикр карданд, хулосаҳои даркориро бароварданро ёд диҳад.Дар ин ҳолат қувваи асосии ҳаракаткунанда хонандагон буда, вазифаҳои асосии омӯзгор кумак ба хонандагон дар ҳалли мушкилоти онҳо, дар айни замон, хондан, муошират кардан, расмкашӣ, фаҳмидани проексияҳо, формулаҳо, қобилияти истифодаи асбобҳо, муносибати дӯстона дошта бошанд.Ғайр аз додани дониш, малака ва салоҳиятҳои нав ба хонандагон, тағйирот ва навсозиҳои дар раванди таълимӣ, инчунин тағйир додани муносибати ҷавонони моро ба худ ва одамони дигар, ҷомеа, давлат, табиат, азхудкунии ғояҳои ватандӯстона аз ҷониби ақл ва рӯҳ пешбинӣ мекунанд.
Барномаи миллии тайер кардани кадрҳо маҷмӯи талаботи вақтро ба омӯзгори рақобатпазир оид ба тайер кардани кадрҳо, маҷмӯи талаботҳои бо ҳам алоқамандро муайян мекунад, модели умумии омӯзгорро ифода мекунад ва дар асоси он, талаботҳои асосии зерин:
– маҳорати таълим додан;
– маҳорати тарбия додан;
– сифатҳои шахсӣ, ки омили инсонро дар раванди таълим таъмин мекунанд;
– қобилияти баҳодиҳии объективии дониш ва назорати донишомӯзон;
Аз ин рӯ, омӯзгор бояд дорои сифатҳои зерин бошад, то вазифаҳои душвор, масъулиятнок ва таъхирнопазири дар назди ӯ гузошташударо иҷро кунад ва дар бораи раванди таълим назари нав ташаккул диҳад;
– моҳияти рушди муосири илмӣ ва фарҳангиро чукур дарк карда тавонад;
– фаҳмиши системаи дониш дар бораи ҷаҳон ва инсон аз нуқтаи назари амиқ ва васеъ;
– дар раванди таълим истифодаи технологияҳои иттилоотии таълимӣ ва воситаҳои таълим дар соҳаи маориф
– доштани маълумот оид ба интернет ва истифодаи он ҳамчун манбаи иттилоот дар баланд бардоштани савияи дониш;
– роҳҳои таҳлили самаранокии меҳнати педагогӣ ва худбаҳодиҳиро донад;
– тассавурҳо оид ба мушкилоти таълим -тарбияи оилавиро васеъ намояд;
– фарҳангҳо ва арзишҳои умумиинсонӣ ва миллиро донад;
– моҳиятҳои ғояи миллӣ , идеологияи миллӣ ва моҳияти ислоҳоти иқтисодиро фаҳмад;
– роҳҳои истифодаи бештари технологияҳои инноватсионӣ дар давоми дарс донад;
– фароҳам овардани шароит барои хонандагон барои фикр кардан ва мубодилаи афкор бо ҳамдигар ва фароҳам овардани муҳити дӯстона;
– бо мақсади баланд бардоштани самаранокии дарс азхуд кардан ва истифода бурда тавонистани таҷҳизоти лабораторӣ ;
Барои татбиқи талаботи дар боло зикршуда, вазифаи мубрами системаи таълимии муосир аз он иборат аст, ки ҳар як муаллим тафаккури навро дар худ тарбия кунад, технологияҳои инноватсиониро мустақилона омӯзад, ҳадафҳо ва вазифаҳои онро амиқ донад.
Азбаски шахси комил ва мутахассиси соҳибихтисоси баркамол дар ҷараени фаъолияти махсус ташкилшудаи педагогӣ тарбия меебанд, нақши омӯзгорон дар ин раванд беҳамто аст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар шахсияти онҳо як қатор сифатҳои мусбати маънавӣ ва ахлоқӣ зоҳир шаванд.
Холматов Саид Нурматович, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав