Омӯзгорони факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз даври дуюми такмили ихтисос, ки дар Донишгоҳи Осиёии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.
Дар он омӯзгорони факултети забони англисӣ Қодирова Муҳаббат, Маҳмадиева Гулчеҳра фаъолона иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки омӯзиши такмили ихтисос аз тарафи Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, усулҳои нави таълим, истифодаи технологияи муосир, корҳои гурӯҳӣ бо донишҷуён ва роҳҳои ташаккул додани қобилияти азхудкунии забонҳои хориҷӣ, тӯли як ҳафта аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.
Пас аз анҷоми такмили ихтисос ба устодони донишгоҳ сертификат дода шуда, онҳо метавонанд дар ҷараёни корӣ аз усулҳои омӯхташуда фасеъ истифода намоянд.
Инчунин омӯзгорони Факултети мазкур дар Маркази омӯзиши забони англисӣ ба омӯзгорон ва донишҷуёни ихтисосҳои англисӣ, ва таҳсилашон, ки бо забони англиси мебошад, роҳу усулҳои азхудкуниро дар ин марказ ба онҳо омӯзонида дарсҳои назариявии хешро дар амал тадбиқ намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ дар баробари ихтисоси забони англисӣ боз гурӯҳои таҳсилашон бо забонҳои англисӣ ва русиро доро мебошад.



