Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар вилояти Хатлон буда, дар он тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ муҳайё мебошад.
Ин муассисаи олӣ имрӯзҳо ба як боргоҳи бузурги илмию таълимӣ табдил ёфта, тибқи радабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии касбӣ соли 2024 ба даҳгонаи аввал шомил гардидааст.
Тавре зимни суҳбат ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 45 – соли фаъолияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ӯ қайд кард, ки дастовардҳои донишгоҳ пайваста афзун мегардад ва бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи моддиву техникии донишгоҳ такмил меёбад. Ҳамзамон, ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар қатори аҳли илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалӣ намудани рисолати бузурги касби омӯзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд.
– Мо аҳли маорифи кишвар медонем, ки пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриамон пеш аз ҳама аз сатҳ ва дараҷаи пешрафти соҳаи маориф, илм ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар вобастагии ногусастанӣ дорад, – гуфт дар оғози суҳбат Маҳмадалӣ Қурбонзода ва афзуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ тақозо дорад то мо, аҳли илму маориф нишондоди таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо бозори меҳнат густариш дода, сатҳи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондодҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.
Феълан дар 14 факултети донишгоҳ аз рӯйи 94 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Инчунин, ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он – литсейи назди донишгоҳ, Маркази таълимӣ-касбӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомил аст, ки фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои роиҷ ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ, аз ҷумла 211 синфхона, 41 кабинети фаннӣ, 33 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингофонӣ, 4 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 8 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ дар минтақаи “Дӯстии халқҳо” бо фарогирии масоҳати 7200 м2 бо 2000 ҷойи нишаст мебошад. Теъдоди муҳассилини донишгоҳ ҳоло ба беш аз 19 ҳазор мерасад, ки онҳо дар шакли рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона таҳсил мекунанд.
Олимон, докторон ва номзадҳои илм меафзоянд
– Фаъолияти илмии устодони донишгоҳ боиси таваҷҷуҳ аст. Олимони донишгоҳ дар 40 самт аз рӯи 65 мавзуъ фаъолияти илмӣ бурда истодаанд. Алҳол дар донишгоҳ 22 доктори илм, профессорон ва 134 номзади илму дотсентон ба сифати устодони доимӣ фаъолият менамоянд. Ҳайати мазкур дар 47 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва илмӣ – методӣ машғуланд. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо роҳҳои коромӯзӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ходимони илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва бакалаврияту магистратура зина ба зина роҳандозӣ шудааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби устодони донишгоҳ 8 нафар рисолаҳои докторӣ ва 80 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд, ки аз ин 35 номзади илм зан мебошад. Дар ин муддат 8 устоди донишгоҳ ба унвони профессорӣ ва 17 номзади илм ба гирифтани унвони дотсентӣ шарафёб гардиданд. Айни ҳол дар донишгоҳ 2 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 7 Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 2 барандаи ҷоизаи адабӣ ва илмии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, 94 барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, 82 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 Аълочии матбуоти Тоҷикистон, 12 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 1 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият дошта, 24 устоди донишгоҳ бо мукофоти гуногуни давлатӣ сарфароз гардидаанд. Соли 2012 нахустин бор дар донишгоҳ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратура ифтитоҳ ёфт. Ин имкон дод, ки донишҷӯёне донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи мустақили таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд, – гуфт Маҳмадалӣ Қурбонзода.
Ҷойҳои намоён дар олимпиадаву озмунҳо
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо доир ба омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», Олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2024» ва мутолиа намудани асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ суҳбату вохӯриҳои зиёде гузаронида шудаст. Яке аз самтҳои кори маҳфилҳо ин иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олипиадаҳои фаннӣ мебошад. Иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» тайи солҳои охир натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба гирифтани 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ дар миёни зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми сеюмро ишғол намуданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии раёсати донишгоҳ ва муаррифии вилояти Хатлон гардид. Ҳамчунин, дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 2 ҷойи ифтихорӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” 2 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар Фестивали мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар риштаи гӯштини миллӣ 13 медал ва дар намуди варзиши сабук – волейбол соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Ҳамчунин, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни 62 даста баргузор гардид, ки донишҷӯёни мо ҷойи аввалро касб карданд. Ин ҳама натиҷаҳо барои садорати донишгоҳ дар соли сипаригардида дастоварди назаррасе ба ҳисоб меравад.
Ҳавасмандиҳо афзун мешаванд
Маҳмадалӣ Қурбонзода дар интиҳои суҳбат аз чанд иқдоми наҷиби раёсати донишгоҳ дар соли нави 2025 сухан гуфт, ки боиси таҳсину офарин аст. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳавасмандгардонии муҳаққиқони донишгоҳ барои дифои рисолаи докторӣ 20 ҳазор сомонӣ, барои дифои рисолаи номзадӣ дар равияи гуманитарӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои равияи илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ 8 ҳазор сомонӣ муқаррар гаштааст. Дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандон 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта мешавад. Барои ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи 1-ум 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2-юм 10000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 5000 сомонӣ ҳавасманд карда мешаванд. Муҳаққиқоне, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” сазовори ҷойи намоён мегарданд, ба маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Инчунин, вобаста ба тарғиби осори гаронмояи ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 нафар донишҷӯ идрорпулии ба номи «Носири Хусрав» таъсис дода мешавад, ки кумаки хубе барои донишҷӯён хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Боз нашр аз маҷаллаи “Сафо” https://www.facebook.com/groups/565023457736521/permalink/1657594015146121/