Имрӯз, 8 – уми феврал конференсияи таҷрибаомӯзӣ ва дастурдиҳии таълимӣ курсҳои 2 ва 3 – юуми факултети забонҳои хориҷӣ дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар он роҳбари таҷрибаомӯзии педагогии донишгоҳ Холматов С, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, дотсент Қаршиева Гулҷаҳон, роҳбари таҷрибаомӯзии педагогии факултет
Муродов Исмоил, муовини декан оид ба таълим Асроров Сайбурҳон ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари таҷрибаомӯзии педагогӣ Холматов С., баромад намуда, моҳияти таҷрбиаомӯзиро ба донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва раванди таҷрибаро шарҳ доданд.
Инчунин роҳбари таҷрибаомӯзии педагоги факултеи Муродов Исмоил баромад намуда, самт ва роҳҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими таҷрибаомӯзиро ба донишҷӯён фаҳмониданд.
Дар идома гуфта шуд, ки донишҷӯён дар баробари сафарбар гардидан ба таҷрибаомӯзӣ бояд, роҳу усулҳои омӯзиш ва омухташавандаи педагогиро ба хонандагони муассисаҳо дар амал роҳандозӣ намоянд.


