Имрӯз, 11 – уми феврали 2025 донишҷӯёни курсҳои 2 – юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси амалиро дар сехи дӯзандагӣ ва устохонаи донишгоҳ баргузор гардид.
Бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълиму тадрис дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар соҳаи маориф, ин навбат омӯзгори кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ Якубова Ҳанифа аз фанни технология амалӣ ба донишҷӯдухтарону писарон дарс гуфта нозукиҳои дӯзандагӣ, чубтарошӣ ва самаранок истифода намудани асбобҳоро ба онҳо омӯзониданд.
Дар ҷараёни дарс, омӯзгор Якубова Ҳ. аз усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои амалиро васеъ истифода намуда, тамоми паҳлуҳои мавзуро ба донишҷӯён шарҳу тавсеҳ доданд.
Ёдовар мешавем, ки донишшгоҳ вобаста ба заминаҳои моддию техникӣ ва паркҳои технологӣ вобаста ба равияҳои ихтисоиро доро буда, дарсҳои озмоишӣ дар чунин марказҳо гузаронида мешавад.


