Имрӯз, 11-уми феврали 2025 дар толори маҷлисгоҳи китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои илмии методии донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ШИМ роҳбари шуро, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, сардори раёсати таҳсилот Ашуров Наим, профессорон, мудирони кафедраҳо ва дигар аъзои ШИМ-и донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи Шурои илмии методӣ, аз рӯи масъалаи аввал “Натиҷаи сатҳу сифати таълим дар асоси нишондодҳои сессияи зимистона дар факултетҳои донишгоҳ” гузориши мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ, дотсент Гулов Қодир шунида шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюм “Аҳаммияти тахтаҳои электронӣ, смарт-экранҳо ва проекторҳо дар азхудкунии дониш ва ҳолати истифодаи онҳо дар факултетҳо” гузориши мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарифов Сангимурод шунида шуд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома, “Муҳокима ва тасдиқи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ – методӣ ва тасдиқи саволномаҳои фаннӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар охир роҳбари ШИМ-и донишгоҳ ба ҳайати профессорон ва аъзо барои вусъати корҳои илмӣ – методӣ бурдбориҳо таманно намуданд.



