Имрӯз, 11 – уми феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” дидан намуданд.
Зимнан донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисоси биология ва экология зери роҳбарии омӯзгор Сафаров Сорбон аз осорхонаи вилояти Хатлон дидан намуда, аз нигораҳои тарихӣ, расму ойинҳои аҷдодӣ ва фарҳанги тоҷикон ошноӣ пайдо намуданд.
Ҳамчунин, мусаввараҳое, ки бозгӯйи расму русуму анъанаҳои тоҷикон буданд, донишҷӯён аз наздик дида, итминон ҳосил намуданд, ки миллати бофарҳангамон дорои чунин тамаддуни пурғановат буданду ҳастанд.