Дар толори маҷлисии китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии судманд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбари Комиссияи байниидоравии муқовимат бо савдои одамон генерал – майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва коррупсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Шарипов Тақдиршоҳ,
намояндаи созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷонов Баҳром,
сардори маркази муқовимат бо савдои одамони ВКД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳимардонзода Собир Раҳматулло,
муовини ректор оид ба тарбия Наргис Нурализода, сардори раёсати кор бо кадри донишгоҳ Тоҷиддин Исозода ва муовинони декан оид ба тарбия ва омӯзгорону дрнишҷӯён иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ судманд иштирокчиён роҷеъ ба мавзуи “Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ”, ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷониби нотиқон гуфта шуд, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намуда бо фирефта намудани меҳнат ва музди маоши баланд гаҳрвандонро дар давлатҳои хориҷӣ ҷалб намуда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Дар идома зикр гардид, ки аз рӯи баҳодиҳии созмони “Anti-Slavery International” дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ фирефта шуда, ғулом мебошанд.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъолу комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили савдои одамон ва истифодаи онҳо барои амалҳои ғайри ахлоқӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромилӣ (соли 2000) ва санадҳои дигари аҳамияти ҳуқуқидоштаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, қоунгузории миллиро дар ин самт пурзур намуда, барои ҳифзи шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону занон аз зуроварӣ, таҳқир ва дигар рафтори ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26-уми июли соли 2014 мавриди амал қарор дода,тадбирҳо меандешад.


