Имрӯз, 11 – уми феврали 2025 дар факултети забонҳои англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯёни факултет оид ба хатм ва ҳуҷҷитнигории онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултет, дотсент Шарифзода Баҳром Абдуалӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсия н.и.ф. Муродов Анвар, мудирони кафедра дотсентон Олматова Шарофат, Қаршиева Гулҷаҳон,Алиева Гулнора ва дигар устодону хатмкунандагон низ иштирок намуданд.
Сипас, декани факултет Шарифзода Баҳром Абдуалӣ баромад намуда иброз дошт, ки сараввал хатмкунандагон кори хатми худро дар сатҳи олӣ ҷамъбаст намуда баъдан ҳуҷҷатнигорӣ ва дигар самти корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, коркарди мавзуи кори хатми худро ҷоннок намоянд. Инчунин аз имкониятҳои техникии донишгоҳ, ки имрӯз шароит барои аз худ намудани сатҳи дониш фароҳам овардааст, васеъ истифода баранд.
Гуфта шуд, ки зинаи аввали корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ аз рисолаи хатм оғоз ёфта барои идомаи таҳқиқот замина мегузорад.


