Имрӯз, 19 – уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32 – юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон чорабинии ҳарбӣ – ватандӯстӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, муовинони ректор оид ба таълим, илм ва инноватсия,
робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, деканони факултетҳо ва дигар зерсохторҳои он иштирок доштанд.



Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиш машқҳои элементи, муҳорибаҳои тан ба танро намоиш доданд.
Ба як қатор устодони донишгоҳ барои хизматҳои шоён дар самти педагогӣ бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
