Акбар Ниёзӣ- дотсенти кафедраи МТИ-и ДДБ ба номи Носири Хусрав
“Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзшро ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар моддаи 38-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад”.
Воқеан ҳам, соҳаи варзиш дар сиёсати имрӯзаи давлат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок ба шумор рафта, мусоидати ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонӣ, инкишоф ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ дар ин самт нақши муҳим гузошта истодааст.
Ҳамин масъалаи муҳим яке аз қисматҳои муҳими Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ташкил медиҳад.
Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо мазмуну муҳтавои вожаи “паём”-ро аз ҷиҳати аслӣ ва истилоҳӣ ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, иброз медорад, ки “маънои истилоҳии давлатию коргузории “паём” дар асл аз ҳамон маънои аслию луғавии он чандон дур нест, зеро бо ибораи сода, Паёми ҳар роҳбари давлат дар амал ҳамон сухан, ҳарф, гуфтанӣ ва барномаест, ки ӯ мехоҳад барои мардуми худ ё барои ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонад. Аммо бинобар мақоми сиёсии роҳбари давлат ва моҳияти расмӣ ва муайянкунандагии ин сухану муроҷиати ӯ, паёми роҳбари давлат аҳаммияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ касб карда, дар мақоме фаротар аз як сухану суханронии маъмулӣ қарор мегирад. Аз ин ҷиҳат, Паём ҳуҷҷати расмии давлатист, ки мақоми расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳоди давлатӣ моҳияти раҳнамоӣ дорад”.
Ба аҳли кишвари офтобрӯя ва соҳибтстиқлолу соҳибдавлатамон маълум аст, ки аз соли 2001 то инҷониб 24 маротиба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, ки ин Паёмҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии азизамон ва халқи сарбаланди он нақши муҳим бозида, барои пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун раҳномою раҳнамунсоз хизмат менамоянд ва хоҳанд намуд.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солими аҳолӣ мунтазам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, дар Паёми аввалин, ки 30-юми апрели соли 2001 ба Парлумони кишвар ироа гардид, Ҷаноби Олӣ аз он ёдовар шуданд, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои онҳо барномаи махсус қабул гардидааст, ки ҳадафи он аз тарбияи насли сазовору ҷисману руҳан обутобёфта иборат аст.
Яке аз чор ҳадафҳои асосие, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми соли 2004 ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли кишвар баён намуданд, ин ғамхорӣ ба соҳаи иҷтимоиро рукни асосии сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон номиданд. Дар ҳамин ҳадаф гуфта мешавад, ки “идома ва густариш додани ислоҳот дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба муқаррароти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо бояд ба як ҳадаф-тарбияи насли аз лиҳози дониш, кордонӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ ва аз нигоҳи ҷисмонӣ солим равона гарданд”.
Дар Паёми соли 2005 қайд гардид, ки ҳифзи иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат ва осудагиву оромии мардуми сарзаминамон яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳамин қисмати Паём Роҳбарияти олии кишвар дар баробари паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва маорифу тандурустӣ, дастгирии ятимону фарзандони оилаҳои камбизоат ба Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки дар танзими масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, музди меҳнат ва нафақа тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ҳамин Паём бо дастуру супориши Сарвари давлат Вазорти молия вазифадор гардид, ки бо мақсади густариши тарбияи ҷисмониву варзиши ҷавонон минбаъд дар бюҷети давлатӣ зиёд намудани маблағгузориро пешбинӣ намояд.
Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аз он далолат мекунад, ки тарбияи ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти солими башар аз педагогикаи ниёгонамон сарчашма гирифта, яке аз рукнҳои асосии тарбия дар оила, муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба шумор меравад. Саромади педагогикаи муосири тоҷик, академик Муҳаммадулло Лутфуллозода афкори педагогии динҳои машҳури ҷаҳон (Зардуштӣ, буддоӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом ) ва осори адабии адибони классику муосири тоҷик, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Фариддидуни Аттор ва дигаронро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба чунин хулоса меояд, ки арзишҳои умумумипедагогии динҳо ва ҷанбаи асосии ақидаҳои педагогии ин мутафаккиронро “тани солим, яъне саломатӣ” ташкил медиҳад. Устод Лутфуллозода дар он ақидаанд, ки “тамоми заҳмати таълиму тарбия агар ба тани ҷисман сиҳату саломат нигаронида шавад, баракаташ меафзояд”.
Аз ин лиҳоз, давра ба давра вусъат ёфтани ислоҳоти соҳаи маориф, дар асоси анъанаҳои неки гузаштагон таълиму тарбия намудани насли дорои ҷаҳонбинии васеъ, бомаърифату соҳибҳунар, мутахассисони донишманду забондон ва соҳиби хислатҳои миллату ватандӯст, ватанпарвар, хосатан рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳаки асосии Паёми соли 2009 дар татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Паём вобаста ба ҳамин масъала возеҳу равшан гуфта мешавад, ки “рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Зеро Тоҷикистони мо аз лиҳози синни миёнаи аҳолӣ яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба шумор рафта, синни миёнаи мардуми он 24 солро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар бахши ҷавонон мувофиқи талаботи замон таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон аст”.
Дар Паёми соли 2011, ки 20-уми апрел ба Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар меҳвари сиёсату давлати Ҳукумати кишвар қарор доштани “сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки” Тоҷикистони соҳибистиқлол махсус таъкид ёфт.
Дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ахлоқи ҳамида, некию накӯкорӣ, рӯҳану ҷисман солим тарбия намудани ҷавонон яке аз самтҳои асосии педагогикаи муосир, оила,муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва низоми комили маорифи кишвари азизамон бо Сарварии оқилонаю орифона ва маорифпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Мақсади асосии мақолаи моро, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва нақши он дар тарбияи ҷисмонии ҷавонон ташкил медиҳад, дар ҳамин росто зарбулмасали “Тани солим-рӯҳи солим”-ро ба хотир меояд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои ҳифзи иҷтимоии роҳбарияти олии кишварамон аз ҷавонӣ рӯҳану ҷисман солим тарбия намудани ҷавонон, насли бардаму солим, насле, ки худу сарзаминашро ҳифз кунад, баҳри ободию пешрафти ҷомеааш меҳнат намояд ва давомияти насли баору номус, рӯҳану ҷисман солимро таъмин намояд. Ҳамин андешаҳои судманд дар Паёми соли 2024 ба таври мукаммал ифода гардид: “Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем”.
Дар идомаи ин гуфтаҳо қайд гардид, ки дар давоми солҳои истиқлол бунёди 10 ҳазор иншоотҳои гуногуни соҳаи варзиш, қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ум, ҷаҳонӣ гаштани гӯштини миллии тоҷикӣ ифтихору шарафи халқи тоҷик буда, моро вазифадор менамояд, ки дар самти муаррифии соҳаи варзиш дар дохил ва хориҷи кишвар масъулиятнок бошем.
Таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ аз рушду инкишофи соҳаи варзиш, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, оммавӣ гардидани варзиш, беҳ гардидани соҳаи таълиму тарбияи ҷисмонӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ва инъкиоси он дар вохӯрию суханронӣ ва Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар таҳқиқоти доманадорро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо барои тақвияти дастовардҳои варзишии ҷавонони тоҷик дар соли сипаришуда ва қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони муваффақ аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо овардани ҳамин далел қаноат мекунем.
Чуноне аз ҳисоботҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзиши кишварамон бармеояд, дар соли 2024 варзишгарони таҳамтани тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид намуданд, ки аз ин 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206-тояшро медали биринҷӣ ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба соли 2023 87 медал зиёд мебошад.
Рушди соҳаи варзиш баёнгари он аст, ки 1126 нафар варзишгар, аз ҷумла 1126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 нафар занону духтарони аъзои дастаҳои мунтахаб аз намуди варзишҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 82 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуданд. Ин нишондодҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли 2024 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастовардҳои варзишгарони тоҷик 448 маротиба баланд бардошта шуда, 134 бор Суруди Миллӣ дар арсаи байналмилалӣ садо додааст.
Ҳамин шароиту имкониятҳои соҳаи варзиш ва махсусан сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллати сарбаланди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз соли 2015 инҷониб 9 маротиба Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда мешавад. Вобаста ба ҳамин, 10.02.2025. бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ ва мураббиёни онҳо Амри навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1787500 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, супоридани Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 рӯзи 17.02.2025 дар маросими тантанавӣ, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, супурда шуд.
Ҳамин тавр, Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ба андешаи Ятимов С. “барномаи ҳаётан муҳимми рушди давлатдории замони мо буда, дар он вазифаҳои наздиктарини иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба тарзи дақиқ муайян гардиданд”.
