Имрӯз, яке аз чеҳраҳои дурахшони соҳаи илму маориф, донишманди фарҳехта, шахси фозилу хирадманд, инсони хоксору фурутан ва ватандӯсту хештаншинос, Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷашни мавлуд доранд. Мавсуф 20-уми феврали соли 1985 дар ноҳияи Восеъ, дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст.
Соли 2002 баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ноҳияи Восеъ ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил гардида, ин муассисаи олии касбиро соли 2007 бо ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит бо дипломи аъло хатм мекунад. Ҳамчунин, соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зинаи таҳсилоти дуюм аз рӯйи ихтисоси идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар ҳамин пажӯҳишгоҳ дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, аспиранти шуъбаи рӯзона, раиси олимони ҷавони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Қурбонзода М.Р. дар вазифаҳои директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ кор кардаанд. Ҳамчунин ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия фаъолият намудааст.
Аз 29-уми январи соли 2024 то ҳол Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” мебошанд. Таҳти роҳбарии устод Қурбонзода М.Р. раванди таълиму тарбия ва илму таҳқиқот дар донишгоҳ ба таври чашмрас рушд намуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашнҳои милливу таърихӣ бо маром идома доранд.
Мавсуф барои татбиқи сиёсати созандаву бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа бо як қатор мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ, “Сипоснома”-ву “Ифтихорнома”-ҳо, аз ҷумла соли 2014 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2015 бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2021 бо медали “Хизмати шоиста”, соли 2024 бо медали “Барои таҳкими ҳамкориҳои байни парлумонӣ дар СПАД” қадршиносӣ шудааст.
Қурбонзода М.Р. соли 2010 рисолаи номзадӣ ва соли 2021 рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаву унвонҳои илмӣ, аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошанд. Номбурда муаллифи беш аз 60 асари илмӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, 3 монография ва беш аз 45 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошанд.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ин рӯpи фирӯзро ба профессор, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат самимона шодбош гуфта, барояшон саломатии бардавом, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзуманданд.
Зодрӯз муборак, устод!