ЧОРАБИНИИ ИДОНА ҲИФЗИ ВАТАН ШИОРИ МОСТ ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД Posted on 2025-02-212025-02-27 By saidov Имрӯз, 21 -уми феврали соли 2025 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона таҳти унвони “Ҳифзи ватан шиори мост” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, мудири шуъбаи тарбия Набизода Эмомалӣ, директори литсей Нориён Зарина ва дигар омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ хонандагони литсей маҳсули эҷодии худро, ки аз кашидани мусаввараҳо бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд, пешкаши иштирокчиён гардониданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ хонандагон сафороии низомӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ ва дар васфи дӯст доштани ватан порчаҳои шеърӣ қироат намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар охир ғолибони озмуни ” Газетаи беҳтарин” муайян шуда, ба онҳо аз ҷониби директори литсей ва муовини ректор оид ба тарбия сипсономаҳо тақдим карда шуд. #Донишгоҳ #АРТИШ https://t.me/donishgoh1978 Бойгонӣ