ДАРСҲОИ НАМУНАВИИ ДОКТОРАНТОН ДАР ДОНИШГОҲ Posted on 2025-02-222025-02-27 By saidov Имрӯз, 22 – юми феврали соли 2025 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии докторант Раҳимов Муҳаммад Сафаралиевич дар гурӯҳи 101 – и ихтисоси забон ва адабиёти руси баргузор гардид. Дар дарси намунавӣ, дотсентон Шамсудинова Р., Саидова М.Ш., Хакимов Х.Т., Халилов З. К., Сулаймонов Д.И. ва Сафарходжаева З.А. иштирок намуданд. Докторант Раҳимов Муҳаммад Сафаралиевич вобаста самти таълим, шарҳи мафҳумҳо дар забони русиро ба донишҷӯён тавзеҳ дода, аз роҳу усулҳои фаъоли таълимро васеъ ишистода намуд. Устодоне, ки дар дарси намунавии докторант иштирок намуда буданд раванди дарсро таҳлил намуда ба Раҳимов М. С. барои беҳтару хубтар гузаронидани дарс тавсияҳои педагогӣ доданд. Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи раёсати донишгоҳ докторантону магистрантон дар ҷараёни таҳсил бояд дарсҳои намунавӣ баргузор намоянд. #донишгоҳ #докторант #Дарси_намунавӣ Бойгонӣ