Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи маориф ва илм имконияти рушдро касб кард. Дар сиёсати давлат масъалаи меҳварӣ гардид. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятнок будани ин соҳаро чун такондиҳандаи пешравии ҷомеа меҳисобанд,дар Паёми имсолаи худ низ зикр кардаанд,ки:”Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва авввалиндараҷа медиҳам”.
Воқеан, илму дониш нишонаи заковату ҷаҳонбинӣ, ихтирооту эҷод ва фарҳанги одамон, дар маҷмуъ, муаррифии миллат маҳсуб меёбад.Афроди маълумотдор ҳамеша сазовори эҳтироми хосса мебошанд. Зеро онҳо ба ҳаёт аз диди илму маърифат менигаранд, сабабу пайомади воқеаву муносибатҳоро дар илм ҷӯё мешаванд.Шахси таҳсилдида натанҳо зиёӣ, балки дар кору зиндагӣ намунаи ибрати дигарон мемонад.
Тоҷикистон ,ки имрӯз ба марҳалаи рушди худ бо субот қадам гузоштааст, дар баробари рушди кишоварзиву саноат, таъмини моддиву иҷтимоии халқ баҳри зиндагии шоиста ба илму маориф таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.Таъсиси муассисаҳои олии касбии нав, ташкили зинаҳои магистратура, доктори фалсафа, шуроҳои дифои рисолаҳои илмӣ, ба сатҳи таҳсилоти байналмилалӣ расидани илму маорифи тоҷикро созгор менамоянд. Ин ба наврасону ҷавонон имконияти таҳсили хуб,омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ , рушди зеҳнӣ, аз худ кардани малакаҳои касбӣ, навовару эҷодкор буданро фароҳам меорад. Ин аз як тараф ,ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон, ояндабинии кишвару миллат бошад, аз тарафи дигар, тақозои замони муосир, ҳамқадами давр будан аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар 48 муасссисаи таҳсилоти олӣ, ки онҳо зиёда аз 214 ҳазор донишҷӯён таҳсил доранд, барои беҳтар кардани шароити таҳсил, вазъи моддиву техникӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълим бо истифода аз технологияи муосир, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар , афзоиши ҳаҷми стипендияҳо ва ҷоизаҳо тадбирҳои судманд меандешад. Ба мактабҳои олии хориҷӣ фиристода шудани 117 ҳазор ҷавонони болаёқат барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мутахассисон , касбияти онҳо нигаронида шудааст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд,ки рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳанӯз ба тақвият ниёз дорад ва ба шумора не, ба сифати омодагии мутахассисон диққат додан лозим аст. Дастури таҷдиди назар карда шудани Барномаи давлатии тайёр кардани сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ба ҳамин мақсад дода шуд.
Ҷомеаи имрӯза дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири тамаддуну фарҳангҳо, майли бесобиқаи наврасону ҷавонон ба интернет қарор дорад. Омода кардани мутахассиси ҷавобгӯи замон масъалаи мубрам боқӣ монда, масъулияти устодонро бештар менамояд. Ин вазифаест,ки аз омӯзгори муассисаҳои зинаи поён сар карда, то зинаи боло фаъолияти дастҷамъона босавод кардани шогирдон , такмили минбаъдаи илму малакаи онҳоро ба инобат мегирад . Зеро донишҳои бунёдии наврасону ҷавонон аҳаммияти калон дорад ва аз он таҳсили оянда вобастагӣ дорад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат як нуктаи муҳим -масъалаи аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ гардид.Дастур дода шуд,ки “омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.” Ин ҳидояти Президенти кишвар ,воқеан, дуруст аст. Инсон маҳз дар 4-5 солагӣ ба азхуд кардани забонҳо, аз ёд кардани луғат мутобиқ буда, дар хотирааш нақш мебандад. Ин фурсати муносиби таҳкурсии забондонӣ , муошират бо забони дигар омили муҳими ташаккули дониш ба ҳисоб меравад.
Аз ин бармеояд,ки бо омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ таъмин будани муассисаҳои томактабӣ , гузаронидани машғулиятҳо бо тарбиятгирандагон бояд дар сатҳи хуби педагогӣ ташкил шавад. Ба андешаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф , саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам новардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мешавад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳад монд”.
Дар кори таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҷойгоҳи оила –падару модар ва калонсолони оила низ муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро аз донишу маҳорати насли имрӯза зиндагии минбаъдаи ҷомеа вобастагӣ дорад.Масъалаи маънавиёт, ворисияти арзишҳои миллӣ , ватандорӣ, аз хурофот дур будани онҳо низ бо ин самт иртибот мегирад.
Пешвои миллат ҳамин мақсадро дар назар дошта,ироа доштанд:“Ҳамеша дар хотир бояд дошт,ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Илму дониш ва соҳибкасб будани шахс дар ҳама давру замон боиси дастгирӣ ва эътирофу арзишдиҳии мусбат боқӣ мемонад.Мавқеи мактабу маориф дар ташакули ҷаҳонфаҳмӣ ва пешбурди зиндагии мо бориз аст.Васеъ гардидани маърифати мо, фарзандону наберагон ва аз манфиати илму дониш баҳравар шудан аз муносибати мо вобаста аст. Таъхир кардан дар ин кор пайомадҳои мушкил дорад.ки ислоҳи он имкон надорад.
Маҳкамзода Дилором, дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
