Имрӯз, 22 – юми феврали соли 2025 дар толори варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, мусобиқаи дастхобонӣ, аз ҷониби иттифоқи касабаи донишгоҳ миёни донишҷӯёну омӯзгорони факултетҳо баргузор карда шуд.

Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касаба Шарипов Маҳмадкарим кушода ёдовар гардид, ки ин навъи варзиш, яъне дастхобонӣ, миёни донишҷӯёну устодони 14 факултетҳои донишгоҳ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.








