Изатулоева Холида Исматовна н.и.п. мудири кафедраи МТИ, ДДБ ба
номи Носири Хусрав
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ) аз 28.12.2024
Занон масъулияти мӯҳимие ба дӯш доранд. Воқеан ҳам вазифаи муҳими ҳар як зан пеш аз ҳама тарбияи фарзандон аст, ки бо як ҷаҳон ифтихор ояндаи давлату миллати Тоҷикистон мегӯем. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлату миллатҳо аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста мебошад. Даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон рисолати пурмасъули ватандӯстӣ ватандориву ватансозиро пеш гузоштааст.
Ин рисолат тақозо менамояд,ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан – Модар содиқона адо намоянд. Бо бовари метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо меҳр, муҳаббат, офаридгорӣ, сабр, самимият, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарӣ, бунёдкориву созандагӣ ояндаи ҷомеаро роҳанмои карда метавонанд. Зане, ки маърифати баланд дорад, баробари хушахлоқу хушзеҳн ба воя расонидани фарзандон дар рушду тараққиёти ҷомеа низ саҳмгузораст. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва пайёмҳои ҳарсолаашон аз бузургии зан, нерӯи созандаву тавонои ӯ ва масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро мавриди назар қарор дода борҳо таъкид намудааст:
“Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзлати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва банангу номус аст”.
Аз чумла вобаста ба масъалаи маърифатнокии занону бонувон дар паёмашон аз 28.12.2023 Сарвари давлат чунин иброз намудаанд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.” Ба ҳамин хотир бо шарофату ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Зане, ки маърифати баланд дорад, баробари хушахлоқу хушзеҳн ба воя расонидани фарзандон дар рушду тараққиёти ҷомеа низ саҳм мегузорад. Ба қавли Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон: “ Занро одатан чароғи хонадон меноманд, вале ӯ натанҳо чароғи хонадон, балки равшангари рӯзгор ва сарчашмаи зиндагию маърифати ҳаёти мост”.
Ҳанӯз шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар китоби “Модарнома” – и худ васфи бузургии зан-модарро бо сабки шоиронааш хело ҳам баланд васф намуда буданд.
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд, ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Бояд тазаккур дод, ки бе ягон шубҳа воқеан ҳам зан-модар сариштаи ҳаёти инсон буда, ҳар сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ғамхорию ҳурмату эҳтиром ба ин фариштаи заминӣ бо як эҳсоси баланди қадрдонӣ ёдоварӣ мешавад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024-ум ки ҳамагон 28-уми декабр шоҳиди он будем, пас аз ҳама паҳлуи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҳлил намудан, дар баробари таваҷҷуҳ равона сохтан нисбат ба масъалаҳои ниҳоят муҳими давлатӣ, доир ба нақши калидии бонувон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва ҳаёти ҳамарӯзаи мо диққати махсус зоҳир намуданд.
Ногуфта намонад, ки ҳанӯз 28 сол қабл аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти маҳбубамон ба олиҳаи ҳусн, фариштаи заминӣ, зан-модар таваҷҷуҳи хосса доранд.
Барои таҳлили ин самт мехостам иқтибосҳоро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биёрам.
«Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Хушбахтона дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар мавқеи хос дорад.
Бахусус бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавқеи хосро касб намудааст.
Барои исботи ин гуфтаҳо мехостам иқтибосҳоро аз Паём биёрам:
«Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ирода ва масъулиятшиносии мо бонувону духтарони тоҷик боварӣ доштанд ва боварӣ доранд. Он чуноне ки борҳо дар суханрониҳои хеш ба зан-модар таваҷҷуҳи махсус равона намуда ва бо таъкидҳои самимонаи хеш ибрози назар карда гуфтанд, ки зан-модар, дар худ нисбат ба фарзанд синаи раҳм дорад ва дар ҷомеа қонуншиканӣ намекунад ва ин ҳақасту рост, зеро зани оқилу доною порсо, ҳатман модари мушфиқ буда доим дар бораи фарзандон ва оилааш андеша менамояд.
Воқен, зан- модар сарчашмаи зиндагӣ, асоси хушбахтӣ, тимсоли зебоию шукуфоии ҳаёт буда, офаридаи нотакрор аст.
“ Агар бихоҳед, ки дараҷаи тамаддуди миллатро бидонед, ба занони он миллат бингаред”,- гуфта буд Наполеон.
Дар ҳақиқат, бонувон бар дӯш бори масъулият доранд. Барои ба манзили мурод расонидани ин бори гарон бояд соҳиби маънавиёти баланд ва ҷасорат бошанд. Бонуе, ки модар шудааст, нахуст, оинаи ботинии хешро мусаффо гардонад. Бояд ӯ воқеаву ҳодисаҳоро таҳлил карда тавонистан, бо малоҳат сухан гуфтан, ба атрофиён меҳрубон будан барин хислатҳоро ба фарзандон талқин кунад ва ба ояндагони хеш мерос гузорад. Модар аз рӯзҳои нахустин ҳидоятгар ба фарзанд ва ба олами хирад роҳ ёбад.
Мехостам суханони хешро бо самияти хос ва эҳтиром ба зан-модар бо чор мисраи шеъри шоир хотима бахшам.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст
