«Ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар –Ватани худ содиқона хизмат мекунанд»
(Аз Паёми Пешвои миллат, 28. 12. 2024 с.)
Ватан-ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан-ноне, ки дар хони ману туст.
Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.
Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрӯзи шабистони ману туст.
Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан ҷонона ҷонони ману туст.
Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст.
Ватан он моми пир, он тифли маъсум,
Ватан дар рӯи дастони ману туст.
Дили ӯ дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.
Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст…
К. Насрулло
Ба ҳамагон маълум аст, ки аввали солҳои 90-уми қарни ХХ баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзаминамон будаи собиқ Артиши номдору пурқудрати Шуравӣ васоити техникии мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангиро «мерос» нагирифтанд. Вале, вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархӯрдор гардад. Мутаассифона, он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги Афғонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.
Мутаассифона, он замон дар Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будааст.
Соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашнҳои фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи тайнамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.
Чи хеле ки таҳлилҳо нишон доданд, фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонд. Маҳз дар чунин шароит мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи истиқлолиятро ба ӯҳда дошт.
Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги дохилӣ хомӯш гардида, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Артиши миллӣ ва афсарони мо аз рӯзҳои аввали таъсиси худ баробари дар сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вуҷуд надошт. Мутахассисони касбӣ ва кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ дар ҳама ҷанбаҳо намерасид. Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ яке пешу дигаре баъдтар ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб мардуми сарзамини кӯҳандиёри тоҷикон ин санаи таърихиро ҳамчун оғози таърихи навтарини худ тантанавор ҷашн мегиранд.
Дар масири таърих Тоҷикистони мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳарчанд соли 1924 Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, чун давлати мухтори соҳибихтиёр соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба маънои томаш соҳибихтиёр набуд. Вай ба ҳайати Иттиҳоди Шуравии абарқудрат ворид буд.
Бояд қайд кард, ки маҳз дар даврони Шуравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замондорони манғит тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд.
Ба Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ осон ва сабук ба даст наомад ва нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни асосии давлат – Конститутсия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, қабули Парчами давлатӣ, Артиши миллӣ, қабули Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатдориро таъсис дод.
Метавон гуфт, ки баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд. Пеш аз ҳама, мебоист ҳиссаи худро аз тақсими мероси собиқ ИҶШС ба даст меовард.
Мувофиқи фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4 январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30 сентябри соли 1992 бошад баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати конститусионӣ ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию ҷангидида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра бараъло эҳсос мешуд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 № УП-198 ва Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ташкил карда шуд. 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони коллеҷ савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.
Бояд иқрор шуд, ки ҳайати шахсии курсантҳою афсарони омӯзгори Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ фаъолона бо ҳамроҳии дигар сохторҳои қудратӣ дар кори бартараф намудани ошӯбҳои гурӯҳҳои ҷинояткори зидди давлатӣ ва муҳорибаҳо алайҳи дастаҳои ифротгарону ҷинояткорон, баҳри таъмини пойдорию амнияти сохти Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №195 аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи ҳарбӣ тасдиқ карда шуд.
Генерал-майор А.В. Шишлянников 18 декабри соли 1993 аввалин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнақи нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ шурӯъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои низомии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли 1993 хотирмону таърихии фаромӯшношуданӣ сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки намоиши расми гузашти низомии мазкурро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Он нишон дод, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилу ташакулли Қувваҳои мусаллаҳ ҷиддан машғул аст.
Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 1993 «Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорро ба имзо расонд. Инчунин зимни ин қарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи соли 1994 сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода бо ислоҳу иловаҳои муҳим сохтори нави онро тасдиқ кард.
Генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз моҳи апрели соли 1995 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамроҳи вазири нав дар сохтмони Артиши миллӣ муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С.Чубаров, генерал-майор С.Н. Бобоҷонов, генерал-майори авиатсия В.М. Грудина, генерал-майор А.А. Абдуласанов, генерал-майор З.М. Файзиев, генерал-майор И.Додоматов, генерал-майор Розиқов С. ва бисёр дигар афсарони олирутба саҳми шоистаи худро гузоштаанд. Бо кӯмаки давлату Ҳукумат, мувофиқи нақшаи муайян, бунёди Артиши миллӣ давра ба давра инкишоф меёфт. Пеш аз ҳама ба масъалаҳои бо яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ ҷиҳозонидан, пурра намудани ҳайати шахсӣ, беҳдошту вазъи омодабоши ҷангии афсарону сарбозон диққати ҷиддӣ дода мешуд. Агар ба гузашти таърих нигарем ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилёбии Артиши Шуравӣ монанд буд. Умуман таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадорињои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Қатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 32 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро фаромӯш нахоҳем кард.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.
Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати шахсӣ ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоем.
Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳра баранд.
Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, меъмори Артиши Миллӣ, эҷодгари фарҳанги сулҳ ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст. Ин пеш аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – вориси ин мулки бузург дорад, ки дар минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдтар муроҷиатномаҳои пай дар паи эшон садо додаву ба тадриҷ бо андешаи созандаи мардуми тоҷик давлату иқболи беназиреро барои мо тоҷикон дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба тадбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутаадин ҳаёти ҷамъиятӣ рӯшан ва пешорӯи халқ ҷилвагар сохтанд.
Сиву чор сол аст, ки аз партави Истиқлолияти давлатӣ тоҷи зарини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он рӯзғори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошад.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолияти давлатӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад ва рушди минбаъдаи Артиши Миллӣ кафолати ҳамаи ин гуфтаҳост.
Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони сарупо ғайрату кӯшишу ҳиммат ва нерӯманду солиму бардам бо азми дучанд машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти сивуду солагии худро бо дастовардҳои шоёну арзанда истиқбол намояд. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар ҷамъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолияти давлати – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, бонангу номуси Тоҷикистон ва Артиши Миллии кишвар мебошад.
Давлаталӣ Алимов,
мудири кафедраи таърихи умумии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
доктори илмҳои таърих,
профессор, подполковники эҳтиётӣ
