БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ЧОРАБИНИИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “КАНӢ ДӮХТАРОН” ДАР ДОНИШГОҲ Posted on 2025-02-242025-02-27 By saidov Имрӯз, 24 – уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмуни умум донишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони ” Кани дӯхтарон” баргузор гардид. Дар чорабини муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис, бонувони донишгоҳ Каримова Санавбар, дотсентон Ашурова Ш., Саидова М.,Маҳкамзода Д., д.и.ф., профессор Юсупова З.Р., саромӯзгор Алимханова Г.Ҳ., н.и.п. Каримова Х., ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд. Дар қисмати аввали чорабинӣ аз оростани дастурхони идона, таомҳои миллӣ ва дигар русуми тоҷикона намоиш дода шуда, аз ҷониби аъзоёни ҳакамон ба маҳсули дасти дӯхтарон баҳо дода шуд. Дар қисмати дигари чорабинӣ, ки дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт, аз ҷониби донишҷӯдухтарон намоиши фарҳангӣ омода шударо пешкаши иштирокчиён намуда хотири ҳозиринро болида гардониданд. #Донишгоҳ #Тарбия #Донишҷӯён #Духтарон Бойгонӣ