ИХТИСОСҲОИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ БА КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС Posted on 2025-02-242025-02-27 By saidov Имрӯз, дотсентон Назаров Меҳрубон ва Шарифов Сангимурод бо кормандон ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Тоҳир Ҳафизов вохӯрӣ анҷом доданд. Тибқи маълумот ҳоло дар ноҳияи Шаҳритус 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки имсол муассисаҳои таълимии ноҳияро беш аз 1 400 нафар ҷавонон хатм менамоянд. Ҳангоми суҳбат бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ихтисосу имкониятҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муаррифӣ карда шуданд. Гурӯҳи таблиғӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дорад. #Донишгоҳ #муаррифӣ #Таблиғӣ Бойгонӣ