Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи 94 ихтисос мутахассисон барои соҳаҳои хоҷагии халқ омода карда мешаванд. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус имконияту шароити таҳсил муаррифӣ карда шуданд. Хонандагони ноҳия низ бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро барои таҳсил интихоб хоҳан намуд.
Ояндаи соҳибмаърифату дурахшон бо ДДБ ба номи Носири Хусрав