НАВБАТИИ “ПЕПТИД” ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ Posted on 2025-02-262025-02-27 By saidov Имрӯз, 26 – уми феврали соли 2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Пептид” дар мавзуи “Реаксияҳои оксиду барқароршавӣ дар химияи органикӣ” доир гардид. Нахуст, роҳбари Раҷабзода Муҳаммад Туйдибой ҳозиринро ба рӯзномаи маҳфил шинос намуд. Дар идомаи зикр дошт, ки химияи органикӣ ин таъсиргузор будани моддаҳо ба табиат зинда ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки химия барои барқароршавии моддаҳо таъсир расонида аз шакл ба шакли дигар чун омили ивазшавӣ ё оксидии организми зинда таъсир мерасонад. Роҳбари маҳфил ҳамчунин ёдовар шуданд,ки ҳадафи асосии баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ ин ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, сайқал додани донишҳои онҳо ба шумор меравад. Дар охир донишҷӯён вобаста ба оксидшавии моддаҳои химиявӣ мавълумоти бештар гирифтанд. #Донишгоҳ #Пептид #Маҳфил #Химия Бойгонӣ