МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “КВАНТ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯ Posted on 2025-02-28 By saidov Имрӯз, 28 – уми феврали соли 2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Квант” доир гардид. Нахуст, роҳбари маҳфил Саидшоҳи Сафархон ҳозиринро ба рӯзномаи маҳфил шинос намуд. Дар идома ҳамчунин ёдовар шуданд,ки ҳадафи асосии баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ ин ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва сайқал додани донишҳои онҳо ба шумор меравад. Дар маҳфили имрӯза, донишҷӯён дар мавзуъҳои “Гидроген, истеҳсол ва хосиятҳои физикӣ ва химиявӣ он”, “Оксиген, истеҳсол, истеъмол, хосиятҳои физикӣ ва химиявии он”, “Маълумоти умумӣ дар бораи калсий ва хосиятҳои биологии он” ва “Маълумоти умумӣ дар бораи нитроген ва пайвастаҳои он” мавълумот доданд. Ҳамчунин баромадкунандагон усулҳои ҳосилкунии гидроген ва оксигенро дар озмоишгоҳи химиявӣ бо роҳи таҷрибавӣ нишон доданд. #КВАНТ #МАҲФИЛ Бойгонӣ