ОСОРИ АДАБИИ ЗЕБУННИСО ДАР МАҲФИЛИ “АДАБ” Posted on 2025-02-28 By saidov Имрӯз, 28 – уми феврали соли 2025 дар кафедраи Методикаи таълими ибтидоии факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Адаб” баргузор гардид. Дар маҳфил устодони кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ н.и ф. Шарифзода Шарифхон, н.и.п. Ҷалилова Меҳринисо, саромӯзгор Ниёзов Карим, омӯзгорон Сайдамиров Сорбон, Турахонов Салоҳидди ва дигарон иштирок намуданд. Нахуст, роҳбари маҳфил Абдухалилова Наргис ҳозиринро ба рӯзномаи навбатӣ ошно намуданд. Дар идома роҷеъ ба мавзуи “Зебуннисо ва мақоми он дар адабиёти тоҷик” тамаркузи намуда ҳамчунин аъзоён низ вобаста ба осору ашъори адабии шоираро таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар идома гуфта шуд, ки осори адабии Зебуннисоро дар як маҳфил наметавон пурра баррасии таҳлил намуд, зеро осори пурғановати ӯ саропо панду ҳикмат, мушкилоти ҷомеа мебошад, ки то ба ҳол мисраҳои эъҷодгардидааш мавқеву манзалати худро гум накардаанд. Дар охир донишҷӯён бори дигар дарк намуданд, ки осори гаронмояи адибони тоҷик мавқеи ҷаҳонӣ доранд. Бойгонӣ