Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.
Мӯҳтавои Паём аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғаӣраро фарогир мебошад.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Зиракии сиёсӣро аз даст надиҳем зеро имрӯз бисёри давлатҳои дунё ҳастанд, ки дар тобиши гардишҳои геопалитикӣ истиқлолияти давлатии худро аз даст дода ба гирдоби ҷангҳо кашида шуда истодаанд.
Дар ҷаҳони муосир, ҳамзамон бо пешрафтҳои босуръати илмӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ низ афзоиш меёбанд. Ин хатарҳо на танҳо ба кишварҳои пешрафта, балки ба давлатҳои рушдёбанда низ таъсир мерасонанд.
Мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон кишварро ба баъзе таҳдидҳои ҷаҳонӣ осебпазир месозанд.
Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таъки намуданд, ки “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем”.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зичро бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба роҳ мондааст.
Новобаста аз хатарҳои замони муосир, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо сиёсати оқилона ва ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки амният, рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллиро таъмин намояд.
Улфатзода Абдураҳим –
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ
ва муносибатҳои байналхалқии
факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
