Имрӯз, дар факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси кушод аз тарафи омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ Қурбонов Акмал аз фанни “Техникаи мусоҳиба”дар мавзуи “Қоидаҳои муҳими гузаронидани мусоҳиба” бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 209-210 ихтисосҳои рӯзноманигорӣ (аз рӯи самтҳо) ва журналист-тарҷумон баргузор гардид. Дар дарси мазкур устодони кафедра н.и.ф., дотсент Маҳкамзода Д., н.и.ф., дотсент Қурбонова Р., омӯзгорони кафедра Мусовирова Ф., Изатуллоева Д., Шарипова М. ва магистрантони ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.
Дар рафти дарс масъалаҳои муҳими омодагӣ ба мусоҳиба, техникаи савол додан ва ҷавоб гирифтан, инчунин усулҳои муоширати самаранок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон тавонистанд, ки дар дарси кушод иштирок намуда, таҷрибаи худро мубодила кунанд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гиранд.



