Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳматро ба муносибати интихоб гардидан ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон самимона табрику муборакбод намуда, ба устоди гиромӣ дар фаъолияти минбаъдаи вакилӣ мувафаққиятҳои беназирро орзумандем!
Иштироки фаъоли интихобкунандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва натиҷаҳои овоздиҳии баргузоргардида бори дигар эътимоди бузург ва тарафдории васеи аҳолиро аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои ин ҳизби мардумӣ, ки аз ҷониби Шумо барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон татбиқ мегардад, тасдиқ менамояд.
Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!