Имрӯз, 4 – уми марти соли чорӣ дар толори маҷлисгоҳи ҷаласаи навбатии раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва аъзои раёсат доир гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа “Ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, сиёсат ва идораи давлатӣ”, гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Муродов Алишер шунида шуд.
Дар асоси нақшаи пешбинигардидаи ҷаласа аз рӯи масъалаи дуюм ахбороти мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Абдураҳимзода Сиёвуш вобаста ба “Баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф дар МТМУ №19 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз 1-уми сентябри соли 2024 ироа гардида буд, роҷеъ ба ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дар масъалаҳои ҷории рӯзномаи ҷаласаи раёсат, фаъолияти китобхона ва раванди аъзошавии омӯзгорону донишҷӯён ба китобхона, маҳфилҳои фаннии назди кафедраҳо ва ҷамъияти илмии донишҷӯён низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа роҷеъ ба баррасии масъалаҳо таклифу пешниҳод карда шуд, ки дар асоси нақша – чорабиниҳои донишгоҳ барои иҷроиши бандҳои баррасигардида ба раёсати донишгоҳ ахборот пешниҳод карда шавад.
Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дастур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дигар раванди таълимро дар донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷониба қарор диҳанд.



