Имрӯз, 5-уми марти соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик ва солҳои 2025-2030
“Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” таҳти унвони “Нақши технологияҳои рақамӣ дар ВАО” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, собиқадарони матбуот, кормандони ВАО устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд баромад намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт”.
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки 113 сол пеш аз ин бо ибтикори гурӯҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт.
Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаи муҳимми асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.
Ҳамчунин ба як қатор устодони донишгоҳ “Сипоснома”-и Академияи ВАО, “Ифтихорнома”-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин гурӯҳе аз омӯзгорон ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Дар бахши фарҳангии конференсия донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва журналист-тарҷумон ва дастаи ҳаваскорони “Левакант”-и дрнишгоҳ барномаи адабӣ-фарҳангӣ омода ва пешниҳод карданд.



