Модар офарандаи насл, наҷотбахши миллат, таскиндиҳандаи қалбҳо, зебоии зиндагӣ, ҳаловати руҳу ҷон, илҳомбахши дилҳо ба ҳисоб меравад, ки имрӯз саросари мардуми тоҷик ботантана таҷлил дорад.
Дар ҳамаи суханрониҳову паёмҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии занону модаронро ситоиш намуда, таъкид месозанд, ки нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз аз қадимул айём аҷдодони мо ба ин олиҳои зиндагӣ арҷгузорӣ менамуданд.
Тасмим гирифтем, дар арафаи таҷлили Рӯзи Модарон оиди таърихан шакл гирифтани ҷашни Иди “Зан – Модар”, ки дар китоби “Ҷашномаҳо”-и доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов оварда шудааст, ёдрас шавем:
Таҷлил аз рӯзи “Иди озодии занон”, ки дар даврони мавҷудияти давлати пурқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иди байналмилалии занон ҳамасола сурат мегирифт, аз нигоҳи мақому манзалат ва моҳияти худ дорои хусусияти сиёсӣ буда, дар асоси тазоҳуроте, ки 8-марти соли 1857 аз ҷониби занони бофандаи Ню-Йорк бар зидди беадолативу истисмор ва қонуншиканиҳо бархоста буданд, бунёдгузорӣ гардид. Ин рӯз барои занони Ню-Йорк батадриҷ ҳамчун рӯзи таърихӣ ташаккул ёфта, онро “Рӯзи занон” номгузорӣ кардаанд ва баъдан хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кард.
Хосатан ин рӯзи таърихӣ аз соли 1908 шурӯъ карда, ҳамчун рӯзи роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳову тазоҳурот занҳоро дар қитъаҳои Америка ва Европа, инчунин Россия бо ҳам муттаҳид сохта, ба муборизоти сиёсӣ ба хотири ба даст овардани ҳуқуқҳову озодиҳо даъват мекард. Билохира, баъд аз талошҳои зиёд ин рӯз сараввал барои занҳои амрикоӣ ва баъдан барои аврупоиён ҳамчун “Рӯзи занон” эълон гардид.
Дар соли 1911 вакилони дуввумин Конфонси байналмилалии занони сотсиалист аз асозгузори ҷунбиши сиёсии занон Клара Сеткина хоҳиш кард, ки “Рӯзи занон”-ро ҳамчун “Иди байналмилалии коргарзанон” эълон дорад. Ба ҳамин тариқ, аввалин маротиба 19 марти соли 1911 дар байни занҳои сотсиалисти Австрия, Дания, Германия ва баъзе давлатҳои дигари аврупоӣ “Рӯзи байналмилалии занон” ҷашн гирифта шуд ва ҳамасола аз ин рӯз ҳамчун рӯзи баробарҳуқуқии занон бо мардон ва ҳуқуқу озодиҳо сиёсии занон таҷлил ба амал меомад.
Албата, ин ҷунбишҳо дар нимаи дуввуми асри ХХ то ҷое дар андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба дараҷаи ифрот расида, новобаста аз фоъолияти васеъ ва доманадори созмонҳои байналмилалӣ дар бахши масъалаҳои занон дар бисёри кишварҳои Шарқу Африқо мақоми инсониву табии зан, то ба дараҷаи хориву зорӣ кашида шуда буд.
Қобил ба зикр аст, ки аз рӯзҳои аввалини таъсиси давлати Шӯравӣ ин ҷашн дар саросари кишвар ҳамчун иди давлатӣ эълон гардид ва аз файзу баракати он занони тоҷик низ ба ҷову мақом ва мартабаҳои баланди сиёсӣ сазовор гашта, дар баробари мардон барои эъмори ҷомеаи навин паҳлӯ ба паҳлӯ корҳои бузургеро анҷом медоданд.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ “Иди озодии занон” ва ё ба қавли мардум “Иди 8-март” дар ҷумҳуриҳои собиқ бо номҳои гуногун ривоҷу равнақ пайдо кард. Масалан, дар Арманистон ба худ номи ”Рӯзи модар ва зебоӣ”, дар Ӯзбекистон ва Россия “Рӯзи модар” ва ғайраро гирифтааст.
Соли чанде аст, ки “Иди озодии занон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун “Рӯзи Модар” ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи муқаддас ба хотири арҷгузорӣ ва бузургдошту ситоиш аз Модари бузурги тоҷик таъсис дода шудааст. Дар робита ба ин, ҳамасола рӯзи 8-март ҳамчун “Рӯзи Модар” ва идомаи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик бо асолат ва муҳтавои азалияш таҷлил мегардад. Бидуни шакку шубҳа Зан-Модари тоҷик ҳанӯз аз даврони зуҳур ва ташаккули тамаддуни куҳани миллӣ дорои ҷашни худ буда, шукӯҳи баргузории он дар ҷалолу азамати эътиқоди оини пешинаи қавми мо реша дошт ва ҳамчун оини муқаддас пазируфта шуда буд. Зеро зан барои аҷдоди фарҳангии мо ҳамчун унсури ҳаётбахш маънои “буданро дар ҷовидонагӣ” таҷассум карда, ҳамеша назди мардони асили худ дорои арзишу мақоми баланд буданд. Вале бо таассуф бояд зикр кард, ки чун дигар арзишҳои фарҳанги миллӣ аз сабаби ноогоҳиҳои таърихӣ ва гурез аз тамаддуни куҳани хеш мавҷудияти он дар гушаи фаромушӣ қарор гирифта буд. Занони пуршарафи миллат на ҳамчун занони амрикоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пай дар пай худ барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва баробарӣ бо мардон ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ дар ҳудуди 3000 сол қабл, ҷашни муқаддасеро ба хотири “ҳифзи нури зиё ва бақои модар” ва бонувону хоҳарони худ таъсис дода, аз ин рӯз бо шаҳомати бузург арҷгузорӣ мекарданд ва садоқату самимиятҳои бепоёни хешро арза медоштанд. Ин барои ворисони воқеии ин тамаддуни куҳан ифтихори азимест, ки наҷибзодагони аҷдоди ориёӣ барои занони худ чунон тақдимоти олитарини инсониро дар замони бостон арзонӣ доштанд. Ба ибораи дигар ниёгони тоҷикон ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтиром ба Зан-Модар, ки сарчашмаи ҳаёту бақои насли инсонӣ маҳсуб мегардад, тақдим кардааст.
Дар масири таърих аз ҷашни мазкур дар рӯзи “Исфандаргон” ё “Сипаромуз”, ки дар асоси ахбори куҳан ба панҷумин рӯзи моҳи дувоздаҳуми соли шамсӣ ва ё хуршедӣ, ки мутобиқ ба 21 феврал – 21 марти соли милодӣ мебошад, истиқбол ба амал меомад. Мафҳуми “Исфандаргон” дар “Авасто” бо унвони “Сипанта армайтӣ” ва дар забонҳои паҳлавӣ ва форсӣ ба унвони “Сипандормуз” шуҳрат дорад. Бахши аввали калимаи мазкур аз мафҳуми “Сипант”, “Сипанта” ё “Сипанд” гирифта шуда, сифате мебошад, ки ба маънои “Поку муқаддас” таъбир мешавад.
Бахши дуввуми калима, ки “армайтӣ” хонда мешавад ба маънои “фурӯтанӣ” ва “фидокорӣ” аст. Ин луғат дар “Авасто” ба маънои “замин” таъбиру баён шуда, дар забони паҳлавӣ онро ба маънои “хиради комил” тарҷума кардаанд. Дар забони тоҷикӣ низ мафҳумҳои “Модар – Ватан” ва “Модар – замин” аз ҳамин луғат сарчашма мегиранд.
Мувофиқ ба устураи қадима ду фариштаи бузург ва фидокор Сипандормуз-дар саросари олам ва – Ҳамшасипанд дар замин нигаҳбони саёраи мо буда, дар доираи этиқодоти бостонии тоҷикон “Эзиди (Худои) бонуи замини сарсабз” ва рамзе аз сарсабзӣ, хуррамӣ, самаранокӣ ва зоиш мебошад. Аҷдоди пешини мо ӯро “Мазҳари муҳаббат”, сабру таҳаммул ва тоқату фурутании Аҳурумаздо медонистаанд ва Зан – Модарро ҳамсони вай қаламдод мекарданд.
Амшасипанд дар эътиқодоти бостонӣ духтари Аҳурумаздо буда, бояд заминро ҳамеша поку хуррам ва пурҳосилу босамар нигоҳ медоштааст. Сипандормузон бошад, фариштаест ба мисли замин бо сабру таҳаммул, фурутану пурҳосил, ки сулҳу созиш бо табиат аз сифатҳои бузурги вай маҳсуб мегардад. Ҳамин аст, ки дар таърихи фарҳангӣ мо Зан – Модарро аз руйи сабру тоқат, шикастанафсиву фурӯтанӣ, хоксориву созиш ва зоишу самаранокӣ ба ин фариштаи осмонӣ нисбат дода шуда, занҳоеро, ки дорои чунин фазилату хислатҳои нек мебуданд аз авлоду табору мубораки ин фаришта медонистанд. Чаро ки танҳо чунин тоифа занҳо дар вафодорӣ, меҳрварзӣ, фидокорӣ сабру саховат ва фӯрутаниву хоксорӣ ба вай монанд мешаванд.
Бо назардошту ин умумиятҳо ва сифату хислатҳои замину зан рӯзи панҷуми Исфандмоҳ ва ё Исфандаргон, ки мутобиқ ба 26-уми феврали солшумории милодӣ мебошад дар арафаи “Баҳори нозанин ҳамчун рузи муқаддас ва “Рӯзи Занон” ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз занони қавми тоҷик, мавриди ҳурмату иззат ва суҷуду гиромидошт қарор мегирифтанд. Дар робита ба иди “Сипандормӯз” мардони табори мо вазифадор буданд дар накӯдошти занони хеш, яъне ҳамсару хоҳару духтари худ бикӯшанд ва пурарзиштарину нодиртарин ҳадяҳоро ба онҳо тақдим кунанд.
Рӯзи Зан дар доираи эътиқодоти аҷдодӣ “Рӯзи фармонравои занон” ва “фармонбардории мардон” буда, амри занон дар ин айём “фармоне будааст”, ки аз хурд то калон бояд ба он итоат мекарданд ва онро мепазируфтанд ва гиромӣ медоштанд. Ба ибораи дигар бечуну чарои фармонҳои бонувон одобу тарбияи мардон ва ҷавонмардии онҳоро ҷилвагар мехостааст.
Яке аз бузургтарин файласуф ва муаррихи тоҷик Абурайҳони Берунӣ аз рӯи таҳқиқоте, ки пиромуни фарҳанги бостон ва урфу анъанаҳои гузаштагони худ дар “Китобу- т-тафҳим фи саноат ат-танҷим” ва “Осору – ул – боқия” анҷом додааст, чунин меорад: “Исфандормуз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ, ба василаи ин рӯз “Иди занон” будааст. Ва ҳанӯз ин дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновар) боқӣ мондааст. Ва ба форсӣ “мардгирон” мегӯянд.
Абӯрайҳони Берунӣ ба хусус дар “Китобу – т – таҳфими фи саноат танҷим” таъкид месозад, ки “дар ҷашни мардгирон мутобиқи бовари омма риқъаи” (мактуби) каждум ба сари дари хонаҳо меовехтанд, то аз газанд дар амон бимонад. Порсиён набиштани риқъаи каждумро бар дигарон хонанд, чаро ки занон бар шавҳарон иқтироҳҳо (маҷбур) карданӣ ва орзуҳо хостандӣ”.
Мутобиқ ба “Фарҳанги Мӯъин” “риқъа” ва ё “номаи каждум” дар таммаддуни бостони мо дуо ва номае ба шумор мерафт, ки вай дар “Рӯзи занон” ва ё дар рӯзи панҷум аз “Исфандормуз” дар қоғази чаҳоргӯша навишта мешуд ва дар се самти деворҳои хона насб мегардид. Девори муқобили пеши хонаҳо бошад, боз гузошта мешуд, то хонадону зану фарзандон аз чашми баду балоҳои осмонӣ ва заминӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Дар “Фарҳанги ҷаҳонгирӣ” низ омадааст, ки “муғон рӯзи нахуст аз панҷ рӯзе, ки дар охири сипандормӯзмоҳ аст ва рӯзи ҷашне, ки онро “Ҷашни мардгирон” хонанд аз тулӯи сапида, то тулӯи офтоб ба ҷиҳати дафъи ҳавом (ҳашарот) се руқъӣ менависанд ва онро ба се девори хона мечаспонданд ва девори чаҳорум, ки садри хона аст, холӣ мегузорад. Гӯянд дар ин рӯз Афридун тилисме фармудӣ ва самуми ҳавом (заҳр пошидан ба ҳайвонот) ва ҳайвонотро бибастӣ ва муиди нисбати он ки возеҳ навиштани “Руқаъи каждум (“Номаи ақраб”) буда ин аст, ки форсиён бад-он руқъа нависанд, ки ба номи Эзид ва ба номи Афридун”.
Ба қавли қисмати аъзами таърихнигорону фарҳангшиносони таърихи куҳани мо ҷашнҳои Исфандмоҳ ва хосатан ҷашни “Сипандормуз” ё “Рузи Модарон” бо гардиши фалаки “Роҳи каҳкашон” иртиботи бевосита дошта буд, зеро дар ин давра пайвандҳои нуҷуми байни фалаки Парвин ва бурҷи Ақраб дар поёни зимистон ва оғози баҳор ба вуҷуд меояд. Ин пайванд ба таърихи 5 –уми Исфандмоҳи хуршедӣ ва 26 – уми феврали милодӣ мутобиқ меояд. Аз ин рӯ, “Номаи каждум” ва ё “Ақраб” дар иртибот ба гардиши фалак бедоршавии замин аз сардии зимистон, омода шудани замин (модар) барои борварӣ ва самара таҳия гардида, ҳадаф аз навиштани он аз ҷониби ориётаборон, зери паноҳи Аҳурамаздо, ҳамоҳангии бурҷи Ақрабу Парвин бо Офтобу Замин ва саломат нигоҳ доштани модар ҳамчун сарчашмаи насли одамӣ ва бақову зиндагӣ буд.
Қобил ба зикр аст, ки дар тамоми манбаъҳои таърихӣ аз ҷашни “Рӯзи Зан” ба унвони “Мардгирон”, “Муздагирон” ва “Муждагирон” ёд шудааст, ки ҳадафи меҳварӣ ва калидии он накӯдошт аз Зан-Модар буда, ба хотири ризоият ва хушнудии Сипандормуз фариштае, ки дар саросари олам заминро аз офатҳо нигаҳбонӣ ва ҳифз мекунад, сурат мегирфтааст. Дар ин рӯз ҳар амале, ки аз ҷониби мардон ба хотири зан анҷом мепазируфт, мавриди ситоиш ва мадҳу сано қарор мегирифт.
Танҳо рақиб ва душмани Сипандормӯз деви зулмату торикӣ ва бадбахтиву нохушнудиҳо – Таромайтӣ, мекушад дар ин руз сабаби ғамгуниву сабаби нофармоӣ шуда, рамзи ҳузури вай нохушнудии Зан – Модар шавад. Ин деви зулмату бадсиришт ба ҳар коре даст мезад, то дар рӯзи зоиши фарзанд, ки меваи боғи муҳаббати зан – модар ва бақои насли он аст, модару фарзандро ба ҳалокат расонад. Аз ин рӯ, ҳар марде, ки ба зан – модар хиёнат ва беэҳтиромиву носипосӣ мекард, ӯро аз зумраи ёрон ва аз қабилаи Таромайтӣ мешумориданд. Ҳеҷ марде аз табори ориёӣ ба чунин мардҳо даст намедод ва ӯро аз давраи худ ронда, хору зор мекард ва аз нажоду нутфаи қавми худ намедонист.
Мувофиқи илми нуҷумшиносии ориёиҳо чаҳор ҳазору ҳаштсад сол қабл дар доираи ҳаракати “Роҳи каҳкашон” бурҷи ситораи ҳаждаҳор (Зих Суъбон) аз қутби осмон фосила гирифта дар як ҳаракати доирашакл ба даври нуқтаи қутби осмонӣ гардид ва ҳалқаеро ташкил дод. Дар асоси эътиқодоти бостонӣ ва устураи қадимиён ин ҳалқа рамз ва нишонае ҳампаймонии бурҷи ситораи ҳаждаҳор (мор) ва қутби осмонӣ аст. Бо ҳамин ҷиҳат ин ҳалқаро “Ҳалқаи меҳр” ё “Ҳалқаи паймон” номида, онро рамзи пайвандаи насли одамӣ қарор додаанд. Ҳалқаи меҳрпайванди заношуӣ, ки имрузҳо баъд аз ақди никоҳ домод ва арус ба даст мекунад, аз ҳамон давра боқӣ мондааст ва ба фарҳанги европоиён аз тариқи меҳрпарастони Рум ворид гаштааст.
Дар “Ригведа” ва дигар матнҳои санскритӣ ҳиндуҳо аз ин ҳалқа ба мафҳуми “Иолзоло” ба маънои “доира” ёд мекунанд.
Дар чаҳорчубаи ҳикмати “Ҳалқаи меҳр” пайванди миёну зану мард бо решаҳои асотирӣ дорои хусусияти бузург ва муқаддас будааст. Ҳамин аст, ки дар саросари “Авасто” дар гиромидошти мақоми зан ва иртиботи он ба зиндагӣ ва замин фарозҳое омадааст, ки пайванди зану мардро пайванди осмону замин мешуморанд, зеро чи тавре ки қаблан зикр сохтем зан ҳамчун қудрати борварӣ, саховат, сабр, шикастанафасӣ ва фурутаниву хоксорӣ, ба замин пайваст аст. Аз он ҷое, ки мард шароити борбарӣ афзоиши занро фароҳам меоварад, ба осмон мансуб шудааст, зеро осмон борон меборад ва офтобро ҳадя мекунад, то заминро дар оғуши гарму амни хеш парвариш диҳад. Замин дар навбати худ, зери соя осмон инсонро парвариш дода, дигар мавҷудотро ба ҳаёт фаро мехонад ва дар оғӯш мегирад.
Дар эътиқодоти бостонии тоҷикон зану мард дар канори якдигар пайванди зиндагӣ ва маргро ба вуҷуд меоваранд. Зан бо таваллуди фарзанд омили зиндагибахш буда, аз сабаби он ки мард намезояд, ҳастии вай бо марг ба поён мерасад. Дар робита ба ин дар таърихи тамаддуни тоҷикон насли фарзандро аз модари ӯ медонистанд ва ба ивази он ки ӯро ба насаби падарӣ хонанд, бо аҷдоди модарӣ муаррифӣ мекарданд. Таъсири ин фарҳанги гузаштагони мо, ба хусус ба аҳли яҳуд хеле зиёд будааст, зеро дар анъаноти онҳо мақоми модар нисбат ба падар баланд мебошад ва яҳудияташон ба насаби модарӣ вобаста аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи баланди бонувон дар андешаи бостонии тоҷикон метавон гуфт, ки дар тамоми давраҳои таърихии ин сарзамин чӣ дар устура, чӣ дар тимсол ва чӣ дар таърих нисбат ба зан-модар эҳтироми баланд доштаанд ва ӯро мавриди парастиш қарор медоданд.
Тибқи сарчашмаҳо ҷашни “Рӯзи Зан” дар сарзаминҳои Эрону Мовароуннаҳр то асри 12 боқӣ монда буд. Ҳатто дар Руми Қадим, ки оини куҳани тоҷикон меҳрпарастӣ дар фарҳанги мардумони он решаи амиқ давонда буд, аз ин ҷашн таҷлил меоваранд.
Чунон ки қаблан гуфтем, ин ҷашни миллии аз хотираҳо рафта, дар кишвари мо дар солҳои охир ба тадриҷ эҳё мегардад. Гумон меравад, ки дар таърихи башарият ба мисли аҷдоди мо шояд дигар мардуме вуҷуд надошта бошад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии рӯзи Модар – Зан маълумоте дошта бошад. Бидуни шак чунин ҷашн арзандаи ситоиш ва эҳтирому арзиш аст, зеро пояи асосии шукуфоӣ, бақо, амният, пойдорӣ ва оромии ҳаёт вобаста ба Зан – Модар ва муносибати ҷомеа ба вай мебошад.
Болотар аз ин қавму миллатҳои дигар бояд донанд, ки аввалин муассисони чунин ҷашни фарҳангии зебо ва дӯстдоштанӣ киҳо будаанд. Табақаи бофарҳанг ва зиёиёни тоҷик бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки гузаштагони арҷманди мо ва хосатан равнақдиҳандагони фарҳанги волои миллӣ дар байни мардумони олам – давлати муқтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён буд, ки беш аз 200 сол қариб нисфи ҷаҳон дар ихтиёри онҳо қарор дошт ва бадин восита падидаҳо ва зуҳуроти фарҳангии худ, аз ҷумла ҷашни “Рӯзи Модар”-ро барои тамоми кишварҳои тобеъи худ ба мисли ҷашни Наврӯз фаромиллӣ ва фароқавмӣ гардонида будаанд.
Эҳёи иди “Рӯзи Зан”, акнун дар Тоҷикистон на танҳо ба хотири озодии занон, балки барои арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Модарон – Занон зояндагон ва тарбиядиҳандагони фарзандони Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин иди аҷдодӣ мебошад.
Ҳанӯз бузургони мо медонистанд, ки оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модар аст.
Аз ин бармеояд, ки Рузи модарон муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Аз ин лиҳоз самимона дӯсташ доред ва фармонбардораш бошед!
Рӯзи Модарон муборак, бонувони азиз!
Султонзода Муаттархон Орифӣ – омӯзгори кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ