Имрӯз, 5-уми марти соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони “Модар – сароғози ҳастии башар” баргузор гардид.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М.Р. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки арзиши ҳастии инсоният ба зан-модар алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти босамар занону бонувон бо ифтихорномаву сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.





