Имрӯз, 6 – уми марти соли 2025 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба “Рӯзи модар” дар гурӯҳҳои 201-202-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҳти унвони “Модар -сароғози ҳастии башар” дарси тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар дарси тарбиявӣ роҳбари гурӯҳ н.и.ф., Раҳмонов Маҳмрод дар бораи Азамату бузургии модар дар ҷомеаи кунунии кишвари соҳибистиқлоламон -Тоҷикистон баромаду суханрони намуданд.
Раҳмонов М., манзалати модарро чун дарси ибратомӯз ба донишҷӯён тавзеҳ дод.
Дар идома таъкид намуд, ки агар мо соҳиби дубора умр гардем хизматҳои шоёни модарро гардонида наметавонем. Ҳарфи модар ҳарфӣ дарс аст, гуфт Раҳмонов М.
Дар охир донишҷӯён дар васфи модар шеъру сурудҳо қироат намуданд.


