ДАРСИ _НАМУНАВӢ АЗ ҶОНИБИ ДОКТОРАНТИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК Posted on 2025-03-06 By saidov Имрӯз, 6 — уми марти соли 2025 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии докторанти PhD Раҳмонов Эмомалӣ дар гурӯҳҳои 401-402, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар дарси намунавӣ муовини декан оид ба таълим Собиров Л., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Мусавирова Ф., омӯзгорон: Зоирзода Х., Қурбонов Акмал ва Изатуллоева Д. иштирок намуданд. Докторанти кафедраи адабиёти тоҷик Раҳмонов Эмомалӣ дар ҷараёни дарс усул ва роҳҳои таълимро хуб истифода намуда, мавзуъро ба донишҷӯён дар асоси мисолҳои илмӣ шарҳу тавзеҳ намуд. Зимни таҳлил намудани дарси докторант Раҳмонов Эмомалӣ ҳайати устодони факултет ба рафти дарс ва сифати он баҳои баланд доданд. Дар охир барои боз ҳам беҳтару хубтар гузаронидани машғулиятҳо ба докторант тавсияҳои методӣ доданд. #Донишгоҳ #Устодон Бойгонӣ