Бо мақсади сабзу хуррамгардонии муҳити атроф, нигоҳ доштани вазъи экологии муҳит, раёсати донишгоҳ бо ин тадбир дар партави хуррамнамоии талу теппаҳои диёр барои сарзабгзгардон саҳми худро гузоштанд.
Имрӯз, 6 – уми марти соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар минтақаи Зарнисорӣ деҳаи Зафар дастаҷамъона ниҳолҳои сойафканӣ ороиши шинониданд.
Ҳадаф аз ин ташаббус боз ҳам сарсабз намудани як гӯшаи диёр арзёбӣ мегардад.
Боиси қайд аст, ки ҳайати устодон беш 400 бех ниҳолони сойафкану ороиши шинонида, баҳри ояндабинии неки кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳ давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар корҳои дастаҷамъона саҳим мебошад.



